Hhdt | Shohmansur

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ: “РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ - САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ КИШВАР”

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ бо иштироки коршиносону олимон ва устодону масъулини соҳа, конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид. Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Вализода Муҳаммад иштирок ва суханронӣ намуда, афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалин давлатҳоест, ки дар фазои ИДМ ба сайёҳии дохилӣ афзалият дода, бо мақсади батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, тартибот дар бозори сайёҳӣ, ҳифзи ҳуқуқ, манфиатҳои сайёҳон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, баланд бардоштани маърифат ва маданияти сайёҳии ҷомеа, мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳсозии вазъи иҷтимоии шаҳрвандон Қонун «Дар бораи сайёҳии дохилӣ»-ро қабул кардааст.

Зимнан Тоҷикистон як кишвари кашфношуда дар соҳаи сайёҳист, ки имконоти зиёди манфиатбахш ва тарғибу ташвиқи сайёҳии дохилӣ, фарҳанги миллӣ, ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, мероси таърихии ниёгон ва осори гаронмояи адабию ахлоқӣ дар ин сарзамини хуршедӣ мавҷум аст.

Ҳамзамон дар қисмати фарҳангии конференсия, дастандаркорон, мероси адабию фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъати гулдӯзӣ, намоиши либосҳои миллӣ ва санъати баланди фарҳангу ҳунурро пешкаши меҳмонону иштирокдорон намуданд.

12.02.2021


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ