Hhdt | Shohmansur

Омӯзиши Паём дар ташкилоти ибтидоии "Таҳсилоти Тоҷикистон"

Омӯзиши Паём дар ташкилоти ибтидоии "Таҳсилоти Тоҷикистон"

Сараввал муовини раиси ТИ «Таҳсилоти Тоҷикистон» (Камолзода С.) суханронӣ карда, Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро паёми созанда маънидод ва онро оинаи раҳнамунсози даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ намуд.

Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент С. Камолзода роҷеъ ба баъзе аз нуктаҳои Паём ибрози андеша намуда, дар тақвияти суханронии пурҳикмати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад» (26.01.2021) зикр намуд, ки дар замони ҷаҳонишавии бошиддат яке аз воситаҳои бақои рӯҳи миллӣ, бидуни шак, арзишҳои фарҳангист. Сарвари давлат дар мавриде аз ин хусус - Миллат, истиқлол ва арзишҳои фарҳангӣ чунин ҳушдор дода буданд: «Миллате, ки забон, тафаккур, таъриху адабиёт ва арзишҳои фарҳангии худро қадр намекунад, пояҳои истиқлолро чандон дер пуштибонӣ карда наметавонад».

Асоси худшиносии миллӣ эътироф ва маърифати шоистаи фардҳост, ки дар ин мавзӯъ адабиёти мо намунаҳои пуршумор дорад. Куллияи гуфтугузори бузургони адаби мо дар ин мавзӯъ такя ба ҳадиси маъмулу маъруфи «ман арафа нафсаҳу арафа раббуҳу», яъне «ҳар кӣ хештанро шинохт, офаридгори худро ҳам хоҳад шинохт» ҳикматҳои фаровонро молик аст. Адиби номвари рус Л.Н. Толстой низ ҳаммазмуни ин нуктаи назар фармудае дорад: «Бузургтарин дониш худшиносист. То худро нашиносӣ, офаридгоратро низ нахоҳӣ шинохт». Агар мафҳуми хирадро аз даричаи нигоҳи Акбари Турсон «ақли аз таҷрибаи рӯзгор ғанигардида ва аз нури ахлоқ мунавваршуда» дарёбем, пас метавон хулоса кард, ки шарти авали хирадмандиву хирадсолорӣ маҳз хештаншиносӣ будааст. Дар ин асно мерасем ба ин натиҷа: метавон ҳамон умумияти одамонеро миллат гуфт, ки аз мероси ғановатманди гузашта огоҳу бархӯрдор ва сипари ҳимояташон ҳувияти миллӣ бошад.

Баъди мафҳуми миллат дар ҷумлаи мутаалиқ ба Сарвари давлати тоҷикон вожаҳои забон ва тафаккур паҳлуи ҳам омадаанд. Сухани машҳури бунёдгузори диалектика Георг Гегел ба ёд мерасад, ки «чун забон офаридаи тафаккур аст, тавассути он наметавон он чизеро ифода кард, ки мансуби умум набошад. Забон ҷисми тафаккур аст». Яъне ҳар қадар тафаккур неруманд ва муқтадир бошад, забон низ ҳамон гуна мешавад. Ҳамон тавре, ки фарҳанг либоси миллат аст, забон низ пероҳани зебои тафаккури миллист. Рушди забон ҳамвора ба тараққии тафаккур алоқаманд аст ва баръакс, тафаккури фарогир боиси фарохтар шудани марзи забон хоҳад шуд.

Маҳсули тафаккури илмии бузургоне, чун Фирдавсию Ибни Сино, Насираддини Тӯсӣ, Форобиву Абурайҳони Берунӣ, Абӯбакри Розӣ то Аҳмади Донишу устод Садриддин Айнӣ маҳз тавассути забон шуҳраи хосу ом шудаанд ва ин гувоҳи он ҳақиқат аст, ки забон ва тафаккур решапайванди ҳамдигаранд. Хулоса, донистани таърих унсури нахустини маърифати ҳама гуна аслу бунёд аст, надонистани он ба қавли олими маъруфи Рими бостон Марк Туллий Ситсерон «як умр тифл мондан аст»…

Узви ташкилоти ибтидоии «Таҳсилоти Тоҷикистон» доктори илмҳои педагогӣ Ф. Гулмадов аз ҷумла ёдовар гардид, ки дар робита ба муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.01.2021) иҷрои корҳои муайянро ҷиҳати ворид кардан ба нақшаи чорабиниҳо ташкилоти ибтидоӣ пешниҳод намудааст.

Аз ҷумла, ба инобат гирифта шудааст, ки ҳангоми ба сафарҳои хидматӣ (ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ) сафарбар гардидани кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон доир ба нуктаҳои асосии Паём, бо омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ суҳбатҳо доир карда, роҷеъ ба масъалаҳои рафти таъминот бо маводи таълим (бахусус, китобҳои дарсӣ) ва адабиёти бадеӣ вобаста ба давраҳои синнусолии хонандагон, диққат додан ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, иштироки фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мавзӯи асосии суҳбатҳо хоҳад буд. Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва риояи ахлоқи ҳамида, роҳҳои пешгирии ҳамроҳшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронида хоҳад шуд.

Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат (аз 18 марти соли 2020) барои таҳияи «Барномаи давлатии тарбияи кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2020-2030» тибқи нақшаи дурнамои тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ, тарбия намудани 302 номзади илм ва 43 доктори илмро то соли 2030 назардошт кардааст.

Кормандони раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба воситаи роҳбарӣ, машварат додан ва тақриз додан ба корҳои илмии неруҳои ҷавони илмӣ саҳм доранд. Дар муддати шаш моҳи гузашта таҳти роҳбарии бевоситаи онҳо 7 нафар унвонҷӯён рисолаҳои номзадию докторӣ дифоъ карданд.

Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар таҳияю ба нашр омода кардани стандарту барномаҳои фаннӣ, китобҳои дарсию маводи таълим саҳм дошта, ҳамзамон аксари узвҳои Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим муаллифи аввалин «Роҳнамои омӯзгор» мебошанд. Ҳамзамон дар таҳияю таълифи китобҳои забони модарӣ, математика, матни алифбои ниёгон, химия ва омодагии дифои ҳарбӣ барои хонандагони МТМУ бо назардошти муносибати босалоҳият тағйирот ворид карда шуд, ки дар ин кор низ узвҳои раёсати АТТ саҳми назаррас доранд.

Инчунин, аз ҷониби олимони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон доир ба масъалаҳои мубрами соҳа монографияҳо рӯйи чоп омаданд, аз ҷумла:

- стандарту барномаҳо ва китобҳои “Химия” барои синфи 10-11, рисолаҳо оид ба муносибати босалоҳият дар таълим ва монографияҳои “Компетентностный подход как основа формирования функциональной грамотности учащихся” (Павлодар, 2020), “Формирование исследовательской компетенции учащихся в школьном курсе биология” (Павлодар, 2020, муаллиф Бобизода Ғ. М.) Зикр кардан бамаврид аст, ки монографияҳои номбурда ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим на танҳо дар кишвар, балки берун аз ҷумҳурӣ чоп гардидаанд;

- “Таҳқиқи асрори таҳсилот ва таълим” (Шарифзода Ф.).

- “Масъалаҳои мубрами ислоҳоти маориф” (2021, муаллиф: Азим Байзоев) бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва дастраси роҳбарияти ВМИҶТ, узви раёсат ва кормандони АТТ, ПРМ, маъмурияти муассисаҳои зерсохтори ВМИҶТ, Китобхонаи миллӣ, Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ, КДБҶ ба номи М. Миршакар, Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб «Хонаи китоби Тоҷикистон», китобхонаҳои ДМТ, ДДОТ ба номи С. Айнӣ, ДДЗТ ба номи С. Улуғзода, Коллеҷи омӯзгории Душанбе ва иштирокчиёни мизи мудаввари «Талаботи назариявӣ ва амалӣ ба таҳияи китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ» гардонида шуд.

Дар робита ба амалӣ сохтани нуктаҳои Паём раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон чорабиниҳои дигарро низ пешбинӣ кардааст, ки марҳала ба марҳала онҳоро амалӣ менамояд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ