НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ ТИ "ШАРБАТ"
Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ташкилоти ибтидоии “Шарбат” маҷлиси ҳисоботӣ оид ба фаъолияти ташкилот дар семоҳаи аввали соли равон баргузор гардид. Раиси ташкилот перомуни фаъолияти ташкилот суханронӣ намуда, афзуд, ки ташкилот дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, дастгирии сиёсати созандаи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ корҳои муайянеро сомон додааст. Ҳамзамон Вализода М. - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бобати вусъати фаъолияти сиёсӣ-ҳизбӣ, масоили дохилиҳизбӣ сухан карда, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро дар давраи ҳисоботӣ қонеъкунанда арзёбӣ кард.
‹ | › | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |