Hhdt | Shohmansur

ПАЁМ: РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ВА САРМОЯИ ИНСОНӢ

ПАЁМ: РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ВА САРМОЯИ ИНСОНӢ

Дар ташкилоти ибтидоии “Эҷодкор” бобати тавзеҳи муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрии судманд доир гардид. Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур зимни суханронии худ афзуд, ки дар ҷаҳони муосир рушди иқтисодию иҷтимоии ҳар кишвар ба рушди сармояи инсонии он вобастагии зич дорад. Бинобар ин, дар Паёми Пешвои миллат ин масъала ба таври ҷиддӣ пеш гузошта шуда, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои сармояи инсонӣ яке аз афзалиятҳои рушд эълон шудааст. Дар ин бахши Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат”, “Фуруғи субҳи доноӣ” ва “Тоҷикистон ватани азизи ман” афзалият башхида, дастур доданд, ки ғолибон бе имтиҳони Маркази миллии тестӣ, ба дилхоҳ донишгоҳ қабул карда шаванд. Омӯзгорону волидони ғолибони озмунҳо ҳавасмандгардонида шаванд. Стипендияҳо низ баланд бардошта шуданд. Ҳамзамон бобати дигар паҳлуҳои паём сухан рафт


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ