Hhdt | Shohmansur

Маҷлисҳои ҳисоботии ҷамъбасти семоҳа.

Дар асоси дастури Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва барқияи КИ шаҳрии ҳизб таҳти рақами 18 аз 16.03.2021 ва барқияи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аз дувуми апрели соли 2021 мутобиқи талаботи Оиннома ва бо иштироки намояндагони Кумита барпошавии маҷлисҳои ҳисоботии ҷамъбасти семоҳа дар назар аст. Аз ҳамин хотир, имрӯз дар санаи 07.04.2021 дар ташкилоти ибтидоии "Яхшинос" - и Кумитаи ибтидоии "Хирадмандон" - и ҲХДТ ҷаласаи ҳизбӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа муовини раиси ташкилот Некқадамова Нурафрӯз суханронӣ карда, фаъолияти семоҳаи ташкилоти ҳизбиро баррасӣ намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки масъулин китоби 12 ҷилдаи "Харитаи Пиряхҳои Тоҷикистоен", китоби дуҷилдаи "Аз Тоҷикистон то Антарктида" (муаллифаш раиси ташкилоти мазкур Қаюмов Абдулҳамид) -ро ба чоп омода намуданд, як нафар узви ташкилоти ҳизбӣ рисолаи номзадӣ дифоъ кард.

Сипас, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Хирадмандон" Ширин Қурбонова ба фаъолияти семоҳаи ташкилоти мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, пешниҳод намуд, ки ҳар як узви ҳизб бояд ба сарнавишти сиёсии кишварамон бетафовут набошад. Номбурда аз ҳадафҳои стратегии миллиамон ҳарф кушода, таъкид намуд, ки вазифаи нахустин барои аъзои ташкилоти "Яхшинос" пеш аз ҳама ҳамоҳангӣ ба такмилёбии ҳувияти миллӣ ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ мебошад. Мо кормандони АМИТ вазифадорем, ки илм дар амал татбиқ гардида, бинобар пайваст шудан бо истеҳсолот ба рушду нумуви мамлакат мусоидат кунад.

Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ