Hhdt | Shohmansur

ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН!”

ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН!”

Дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 15.04.2021, №31 Фестивал-озмуни “Кумитаи беҳтарин”, “Ташкилоти ибтидоии беҳтарин”, “Вакили беҳтарин”, “Таблиғотчии беҳтарин”, “Хабарнигори беҳтарин” ва “Корманди беҳтарин” бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Комиссияи тадорукотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ин самт аз ташкилотҳои ибтидоии “Омӯзгор”, “Сарват”, “Тоҷикагролизинг”, “Сабт ва танзим”, “Садоқат” ва Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и Академияи миллии илмҳо боздид намуда, омодагии онҳо аз корбариву коргузорӣ ва масоили дохилиҳизбиро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Кори комиссия дар ин самт идома дорад.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ