Hhdt | Shohmansur

САҲМИ ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҒАЛАБАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

САҲМИ ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҒАЛАБАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба муносибати таҷлили 76-солагии ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ рунамоии китоби “Саҳми занони Тоҷикистон дар ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ” дар толори фарҳангии Тоҷикфилм баргузор гардид. Дар чорабинии рунамоии китоби мазкур олимону донишмандон, коршиносон занону бонувон, собиқадорони меҳнат ва меҳмонону дигар гуруҳҳои иҷтимоӣ иштирок намуданд.

Гулаҳмадзода Зулфиқор – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур зимни суханронии худ афзуд, ки китоби мазкур баёнгари ҳаёту рузгор ва фаъолияти занони тоҷикро дар давраи вазинини Ҷанги Бузурги Ватанӣ бозгу менамояд. Фаъолияти заноне, ки аз Тоҷикистон дар майдони ҷанг разм доштанд, бонувоне, ки дар фронти ақибгоҳ хизмат мекарданд, заноне, ки дар бахшҳои тиббию хоҷагидорӣ, фарҳангу мудофиа заҳмат кашиданд, дар китоби “Саҳми занони Тоҷикистон дар ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ” ба таври муфассал баён гардидааст. Ҳаводорони каломи бадеъ ва меҳмонону итирокдорон низ суханронӣ намуданд.

Сипас ба собиқадорои меҳнат, заҳматкашони ақибгоҳ дар фронти халқӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуда, ҳамзамон ғолибони омуни иншои озод дар мавзӯи “Ҷанги Бузурги Ватанӣ” дар лаҳзаи тантанавӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Хонандагону тарбиятгириндагон бо барномаҳои фарҳангӣ чорабиниро ранги дигар бахшиданд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ