Hhdt | Shohmansur

“МО БО ШУМОЕМ”

“МО БО ШУМОЕМ”

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи фармоиши муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазири ҷомеа, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва ғамхорӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ва маъюбон, яъне ин гуруҳи барои ҷомеаи мо азиз дар доираи чорабиниҳои ҷашнии бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ноҳиявии озмуни “Мо бо шумоем”-ро баргузор намуд.

Дар оғоз нахуст Исҳоқӣ Ҳусния-муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо сухани табрикотӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки баргузории озмуни “Мо бо шумоем” бори бори нахуст дар саросари кишвар миёни ин гуруҳи алоҳидаи ҷомеа баргузор карда мешавад. Воқеан ин озмун возеҳ менамояд, ки давлату Ҳукумат нисбат ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус дорад ва онҳоро ҳамеша дастгирӣ менамояд.

Дар “Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон” баргузории чунин озмун аз манфиат холӣ набуда, ба хотири риоя, эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст.

Лозим ба тазаккур аст, ки озмуни мазкур дар ноҳия дар сатҳи мактабҳо ва маҳаллаҳо баргузор гардид, ки дар даври ноҳиявии он 16-нафар наврасону кӯдакони маъюб ва имконияташон маҳдуд иштирок намуданд. Дар озмуни “Мо бо шумоем” наврасони аз 6 то 18 сола аз рӯйи наминатсияҳои маҳорати суханварӣ ва қироати шеър, сурудхонӣ ва навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ ҳунарнамоӣ намуда, аҳли нишастро ба олами андеша ва дунёи рангоранги ҳунару сухан сайр доданд.

Ҳамаи иштирокчиёни фаъол бо диплом, ифтихорнома, туҳфаҳои хотирравӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, туҳфаҳо аз тарафи Ректори Консерваторияи милии Тоҷикистон ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳайъати комиссияи тадорукотии озмун барои ҳавасмандии иштирокчиён як ҷойи 1-ум, ду ҷойи 2-юм ва се ҷойи 3-юм пешниҳод намуданд.

Комиссияи озмуни мазкур ҳунарнамоии ҳар иштирокчиро аз рӯйи наминатсияи баромадкардааш аз лиҳози мазмуну муҳтаво, завқу салиқаи иштирокчиён ва маҳорати эҷодии онҳо аз 6 (шаш) то 10 (даҳ) хол баҳогузорӣ намуданд. Аз руйи санҷиш ва пешниҳоди аъзои комиссияи тадорукортии озмуни “Мо бо шумоем” довталабони зерин сазовори чунин ҷойҳо гардиданд:

Ҷойи якум насиби Абдуалиева Заҳро аз Гимназияи №2 синфи 1,

Ҷойи дуюм насиби Давлатов Шаҳром аз Гимназияи №2 синфи 2,

Ҷойи дуюм насиби Темуров Эмомаҳдӣ аз МТМУ № 107 синфи 5,

Ҷойи сеюм насиби Фаридунзода Амина аз МТМУ № 71 синфи 4,

Ҷойи сеюм насиби Самиров Амрихудо аз МТМУ № 48 синфи 3,

Ҷойи сеюм насиби Ахмедова Фотима аз МТМУ № 29 синфи 7,

Ба ҳамаи ғолибон диплом, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳо аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон тақдим гардид.

Инчунин, донишҷуёни имконияташон маҳдуд ва маъюб дар чорабини ғайриконкурсӣ баромад намуданд ва бо ифтихорномаву туҳфаҳои пулию хотирравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ба масъулин , устодон ва мураббиёни ғолибони даври ноҳиявӣ таъкид карда шуд, ки беш аз пеш омодагӣ дида, бо тайёрии мукаммал дар даври ниҳоии озмуни “Мо бо шумоем” фаъолона иштирок ва шарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва муассисаҳои таълимии ноҳияро боло бардоранд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ