Hhdt | Shohmansur

Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – арзишҳои муқаддас.

Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – арзишҳои муқаддас.

Бахту саодат ва хушнудию сарфарозии ҳар миллат ба иттиҳоду озодӣ ва соҳибихтиёрии он вобаста аст. Чӣ гуна,ки таърих гувоҳ аст миллати фарҳангсолори тоҷик садсолаҳо аз ин бахту саодат ва хуррамию сарфарозӣ маҳрум буд. Гарчанде миллати некбини тоҷик ҳеҷ гоҳ марзҳои дигар кишварҳоро ғасб накардааст ва бо тамоми халқиятҳои дигар иртиботи некхоҳона ва дӯстона доштааст, аммо борҳо бо сабаби ҳамлаҳои давлатҳои абарқудрат истиқлолияту озодии худро аз даст додааст. Вале ҳамеша ҳисси истиқлолиятхоҳӣ ниёгони шарафманди маро ба корнамоиву шуҷоатмандӣ даъват мекард, ки мисоли онро дар муборизаву ҷонбозиҳои Темурмалик, Спитамен, Шерак, Восеъ ва садҳо ҷоннисорони Ватан метавон дид.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар натиҷаи он ҳар як ҷумҳурӣ ба давлатҳои хурди мустақил табдил ѐфт, дар бархе аз ин давлатњо истиқлолият бе ҳеҷ гуна хунрезӣ ба даст омад. Аммо дар Тоҷикистони мо масъала ранги дигар гирифт. Баъзе нерӯҳои беруна ва дохилӣ вазъи номусоиди иқтисодиву сиёсии кишварро баҳона карда, тудаҳои мухолифинро бар зидди њукумат ба шӯр оварданд, қувваҳои иртиҷоии дохилӣ фароњам овардани тартиботи демократиро шиори худ қарор дода, маҳалгароиро пеш гирифтанд ва ба мақсадҳои нопоки худ як дараҷа муваффақ ҳам гардиданд. Мутаасифона дар Тоҷикистон ҷанги бемаънии бародаркуш, ки мислашро таърих дар хотир надошт, ба вуқӯъ пайваст. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон хеле вазнин гардида, ҷумҳурӣ дар бӯҳрони амиқи душворҳал ғӯтавар шуд. Дар марказ ва ҷануби кишвар ба маънои ҳақиқиаш ҷанги байни тоҷикон оғоз ёфта, парокандагии миллат ба вуҷуд омад, ки он барои ҷумҳурӣ ва ояндаи миллати мо хатари калон дошт, аммо миллати куҳанбунёди тоҷикро лозим омад, ки ба ҳамаи сахтиҳову маҳрумиятҳои қисмат сабр намояд ва оташи озодихоҳиро ҳеҷ гоҳ дар дили худ хомӯш насозанд. Гарчанде оташи ормонҳои миллат хомӯш мегардид, вале охирин шуълаҳои умеду орзу дар қалби сокинони ин кишвари офтобӣ ҳанӯз ҳам фурӯзон буд. Пас аз чандин сабуриҳо офтоби бахту саодати Ваҳдату Истиқлолият бар сари халқи мо нурпошӣ кард. Аммо мутаасифона аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ нофаҳмию гуногунандешии ғаразнок қариб буд, ки миллатро ба нестӣ барад. Маҳз дар ҳамин шабу рӯзи тақдирсоз шахсияте лозим буд,ки миллатро аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшад.

Хушбахтона ба бахти мардуми тоҷик марди тавоно, хирадманд, оқил, ташкилотчии моҳир, сиёсатмадори асил ва ҷасуру дурандеш ёфт шуд ва он чеҳраи нуронӣ ҷавонмарди бо нангу номуси тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Маҳз ташаббус ва ҷоннисориҳои ин шахсияти фарзона буд, ки миллати парешон аз нав чун аъзои як хонадон ба ҳам омада, дасти якдигар бигрифта пайи ободию шукуфоии ватани маҳбуб ба по хестанд. Бо фарҳангу идроки азалӣ ва талошу заҳмати бесобиқаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи азияткашидаву парешонгаштаи тоҷик боз сарҷамъу муттаҳид гардида, дар зери ливои якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ дар бунёди ҷомеаи мутамаддин камари ҳиммат бастанд. Чуноне,ки Сарвари давлати тоҷикон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд“Вањдати миллї мањсули андешаи миллии мост. Зеро мањз андеша ва њуввияти миллї мардуми соњибфарњангу тамаддунсози тољикро водор сохт, ки сулњу вањдатро барќарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро њифз намояд ва миллатро аз парокандагї эмин дошта,барои рушди давлати соњибихтиѐри худ шароити мусоид фароњам оварад”.

Тоҷикистони азизу маҳбуби мо бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ имрӯз ба бисёр дастовардҳои бузурги бесобиқае ноил гардидааст. Боиси хушнудӣ аст, ки солҳои охир Тоҷикистон бо давлатҳои дигар робитаи мустаҳками иқтисодию фарҳангӣ барқарор намуда, мақоми баландеро дар сатҳи байналмилалӣ касб намуда истодааст. Дастовардҳои бузурги миллат дар самти сиёсат, иқтисодиёт, илму фарҳанг, варзиш ва саноат низ хеле назаррасанд. Инчунин оморҳои расмии байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар қатори давлатҳои рӯ ба тараққиёт ниҳода қарор дорад. Маҳз Истиқлолияти комил ва иттиҳоди миллат буд, ки имрӯз давлату миллати тоҷикро ҷаҳониён эътироф намуданд, фарҳангу тамаддун, забон, либоси миллӣ, расму оини аҷдодӣ ва ин сарзамини афсонавиро шинохтанд. Тоҷикистон имрӯз хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон гашта пойтахти ҳамешабаҳори он - Душанбе ба яке аз шаҳрҳои зеботарини олам табдил ёфтааст. Инчунин дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиќлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он ва баромади нахустини Роҳбари давлати тоҷикон - Пешвои миллат аз минбари баланди ин созмон боиси ифтихормандии ҳар фарди бо нангу номуси тоҷик ба шумор меравад.

Имрӯзҳо ҳар тоҷику тоҷикистониро зарур аст, ки ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шаванд. Тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои имрўзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ - иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоxикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрўзҳо торафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад. Бояд таъкид кард, ки рисолати мазкур мавсимӣ набуда, балки доимист. Бо татбиқи ҳарчӣ бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида,боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад.

Истиқлолият моро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо мо пайваст. Имрӯз ҳар фарди соҳибхирад аз чунин зебогию шукуфоии Ватан хушҳол аст. Хандаи беғаши кӯдакон, нигоҳи меҳрбори модарон, азму иродаи қавии ҷавонон,дасти дуои неки пирон ва рафтуои пайвастаи меҳмонон шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистони мо роҳи дурусти рӯ ба сӯйи фардои дурахшонро интихоб намудааст.Сулҳу ваҳдат, якдилию иттиҳод, бунёдкорию созандагӣ шиори халқи сарбаланди тоҷик аст. Месазад, ки имрӯз ин Истиқлолияти комил, ин сарфарозию озодӣ ва ин ободию саодатмандиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ватанро дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, ҳифзи дастовардҳои 30 соли истиқлолиятро ифтихор донистан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар як фарди тоҷик бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.

Аз ин рӯ, ҳар фарди баору номуси тоҷикро мебояд, ки барои боз ҳам устувортару қавитар гаштани пояҳои ваҳдату истиқлолияти мамлакат ҳиссагузор бошад. Ҳаргиз фаромӯш нашуданист, ки файзи истиқлол ва хушбахтию осудагӣ бо шарофати ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гаштааст.

Аъзои фаъоли ҲХДТ Сайдамадзода Ҳусноро.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ