Hhdt | Shohmansur

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ГАНҶ”

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ГАНҶ”

Бо иштироки роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ - Наимов Маҳмадулло ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳяи Шоҳмансур-Гулаҳмадзода Зулфиқор маҷлиси ҳизбӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ” баргузор гардид. Зимни баргузории ҳисобот зикр шуд, дар ин давраи ҳисоботӣ ташкилоти ибтидоӣ дар самти татбиқи Барномаҳои ҲХДТ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар раванди таҳсилот, рушди сармояи инсонӣ ва нерӯи зеҳнӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, омодагӣ ба таҷлили ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои назаррасеро сомон додааст.

Роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ - Наимов Маҳмадулло ва Гулаҳмадзода Зулфиқор-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур роҷеъ ба баланд бардоштани сифати таълим, аз худ кардани сифатноки фанҳои дақиқ ва риёсӣ, бақвият бахшидани қобилияти эҷодкорӣ ва ихтироъкории хонандагону муҳассилин ва дигар масоили сиёсии набзи ҷомеа, масъалаҳои дохилиҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, тақвияти фаъолияти сиёсии ташкилот ва омодагӣ ба ҷашни фархундаи 30 солагии истиқлоли миллӣ сухан кард. Сипас аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ дар музокира иштирок намуда, фаъолияти ташкилотро қаноатбахш арзёбӣ намуданд


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ