Hhdt | Shohmansur

ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ: МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДОИР ГАРДИД.

ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ: МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДОИР ГАРДИД.

Дар кори маҷлиси ҳисобоӣ-интихоботӣ роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ - Наимов Маҳмадулло, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Муродов Ҷурабек Қурбоналиевич ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуд. Зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ташкилоти ҳизбӣ дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ иштироки фаъол дошта, доир ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як зумра иншооти ҷашниро низ омода намуда мавриди ситифода қарор додааст. Ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардид. Бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзои ташкилот аъзои 7 нафар узви раёсати Акрамзода Юсуф Акрам раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, Каримзода Рухшона муовин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва Муҳамадиев Дилшод Маҳмадалиевич котиби ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гардиданд.

Роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ - Наимов Маҳмадулло ва Муродов Ҷурабек Қурбоналиевич доир ба масъалаҳои дохили ҳизбӣ ҳамзамон таъкид гардид, ки ҲХДТ ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ барои амалисозии ҳадафи олӣ-баланд бардоштани сатҳу сифати зингдагии аҳолии кишвар, таҳким бахшидани сармояи инсонӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос, тарбияи шахсияти худогоҳу хештаншинос ва содиқ ба халқу Ватан ҳадафмандона фаъолият дорад.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ