Hhdt | Shohmansur

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МОЛИЯ”

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МОЛИЯ”

Бо иштироки Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва Қаҳҳорзода Файзиддин-Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Молия” маҷлиси ҳисоботӣ баргузор гардид. Маҷлис аз рӯйи масъалаҳои ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Молия” дар давраи ҳисоботӣ, омодагӣ ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар, баланд бардоштани иродаи сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ҳизбӣ ва ҳайъати кормандони Вазорати молия ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ идома ёфт.

Саравал ҳисоботи раиси ташкилот оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд. Ҳамзамон масъалаҳои ҳаракати аъзои ҳизб, риояи талаботи Оиннома ва Одобномаи ҳизбӣ, тақвият бахшидани фаъолияти сиёсии ташкилоти ҳизбӣ ва баланд бардоштани иродаи сиёсии ҳама кормандон, хизмати содиқона ба халқу Ватан, садоқат ба Ватан ва Пешвои миллат, ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ва беш аз пеш тақвият бахшидани зиракии сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Сипас Гулаҳмадзода Зулфиқор -Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни ҳимояи аҳолӣ аз сирояти мавҷи дуюми каронавирус, аз иммунизатсияи зидди каронавирус гузаштани ҳар як сокини кишвар, ба таҳлукаву воҳима ва дуруғҳои ҳангомавии иғвоангезон дода нашудан, ҳимояти арзишҳо ва дастовардҳои даврони истиқлол, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсии 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Дар интиҳо ба як қатор аъзоёни ба тозагӣ ба сафи ҳизб қабулшуда дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ