Hhdt | Shohmansur

ШУЪЛАИ УМЕД: МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДОИР ГАРДИД.

ШУЪЛАИ УМЕД: МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДОИР ГАРДИД.

Дар кори маҷлиси ҳисобоӣ-интихоботӣ роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ - Наимов Маҳмадулло, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Исҳоқӣ Ҳусния ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуд. Зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ташкилоти ҳизбӣ дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ иштироки фаъол дошта, доир ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як зумра иншооти ҷашниро низ омода намудаистодаем. Ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардид. Бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзои ташкилот аъзои раёсат, раис, муовин ва котиби ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гардиданд.

Роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ - Наимов Маҳмадулло ҳангоми суханронии худ афзуд, ки ҲХДТ ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣбарои амалисозии ҳадафи олӣ-баланд бардоштани сатҳу сифати зингдагии аҳолии кишвар, таҳким бахшидани сармояи инсонӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос, тарбияи шахсияти худогоҳу хештаншинос ва содиқ ба халқу Ватан ҳадафмандона фаъолият дорад.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ