Hhdt | Shohmansur

РЎЗИ ТАҶЛИЛИ МУАЛЛИМ ҶАШНИ АРБОБИ ДИЛ ACТ

РЎЗИ ТАҶЛИЛИ МУАЛЛИМ ҶАШНИ АРБОБИ ДИЛ ACТ

Кист медонӣ муаллим? - Он, ки нозад сарварӣ

Бар ҳумоюн ном вай дар зери чархи чанбарӣ

Гавҳари андешаро аз тирагӣ бахшад наҷот,

Гавҳарӣ донад камоли санъати равшангарӣ

Халилуллоҳи Халилӣ

Омўзгор - симои асосии ҳаёт аст, гуфтаанд. Касби муаллимӣ - касби пур-машаққат, пуразоб, вале дар айни ҳол шарафнок мебошад. Омўзгор пеш аз ҳама намунаи ибрати шогирд: дар ҳар боб аст. Пеш аз оне ки хонандаро тарбия диҳем, бояд худамон тарбиядида бошем.

Агар дар ҷаҳон набвад омўзгор,

Шавад тира аз бехирад рузгор.

А. Ҷомт

Омўзгор дар фаъолияти ҳамарўзаи хеш бояд савияи дониши педаго-гиашро пайваста баланд бардорад ва дар машғулиятҳои худ методҳои нав ба навро амалӣ намояд. Чунки раванди таълиму тарбияи замони муосир мураккаб мебошад. Ин ҷараён ба шогирдон фаҳмондани омўзгор ва ҳамаи муваффақиятҳои кори таълиму тарбия бештар роҳ хоҳад ку-шод. Тарбияи кор бо омўзгор мунтазам ташаббус ва эҷодкориро тақозо менамояд. Ташаббус ва эҷодкорӣ бошад, омўзгорро аз роҳи танбалӣ дар кори таълиму тарбия боз медорад ва дар пайроҳаи лаёқатмандӣ бештар равона месозад. Ин боиси баланд гаштани савияи педагогӣ дар фаъо-лияти омўзгор мегардад. Омўзгор бояд дарк намояд, ки ҷаҳонбинии шогирдон дар зери таъсири ҳаёти муҳит ташаккул меёбад ва он ҳам ба шароити объективӣ ва субъективӣ вобастагӣ дорад.

Аз ҳамин сабаб ташаккули ҷаҳонбинии демократии насли наврас, ки роҳи ояндаи худро муайян менамояд, ба зиммаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, омўзгор гузошта шудааст. Педагоги рус А. С. Макаренко таъкид менамояд: «Ташаббус фақат дар ҳамон ҳолат пайдо мешавад, ки барои иҷрои кори супоридашуда, аз тарафи бачаҳо ҳисси масъулият зоҳир карда шавад. Чунки агар бача масъулият зоҳир накунад, ҳеҷ гоҳ ягон қувва шавқи ўро бедор карда наметавонад».

«Поянда бод устоде, ки бо меҳри худ дар қалби шогирд ошён дорад», гуфтаанд. Тарбия гирифтан ва омўхтани он аз рўзҳои аввалини ба ҳаёт омадан cap шуда, то нафаси вопасин давом мекунад. Насли наврас фонди тиллоӣ ҳисобида шудааст, ки тарбияи он ба зиммаи мо - муаллимон гузошта шудааст. Барои ҳамин ҳам дар тарбияи хонанда ҳисси мас-ъулиятро бештар ҳис карданамон лозим аст. Дар ин ҷо барои мисол эпизод ё лаҳзаеро аз ҳаёти Абўалӣ ибни Сино ба ёд меорем. Тифлеро ба назди Абўалӣ Ибни Сино меоранд, то ин ки дар бораи тарбияи минбаъдаи ў машварат диҳад.

Ҳаким Абўалӣ ибни Сино пурсидааст:

-Навзод чандрўза аст? Ҷавоб гуфтаанд:

-Се моҳ дорад. Ҳаким гуфтааст:

-Аллакай се моҳ дар тарбияи кўдак дер кардаед.

Тарбия намудан ва омўзондан – ҷараёни бардавом дорад. Таълим ва тарбия бо якдигар гўшту нохунанд ва ҷудоиро намедонанд.

Волидон бо боварии том фарзанди худро ба дасти омўзгор месупоранд. Муаллими сахтгир дасти кўдакро ба навиштан ва забони ўро ба хондан рост намуда, ба рўи ў дари илму маърифатро боз менамояд. Саъдии бузург бартарии сахтгирии муаллимро аз меҳрубонии падар, боло дониста, дар ин қитъа хуб баён намудааст:

Подшоҳе писар ба мактаб дод,

Лавҳи симин бар канор ниҳод.

Бар сари лавҳи ў навишт бо зар,

Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар.

Хушҳолам, ки омўзгорони муассисаи хешро мисли пештара мебинам: ҳамеша дар ғами насли наврас ва дарсҳои аҷоибу рангин. Бубинед, шароити зиндагӣ ва пешрафтҳои техникӣ касро дар ҳайрат меандозад, вале сухани пурҳикмати бузургону мутаффакиронамон асло кўҳна намешавад: он даъват ба илму ҳунаромўзист. Хуб гуфта бузурге:

Нахуст аз касбу дониш баҳравар шав,

Зи ҷаҳлободи нодонӣ бадар шав.

Ба дасти муаллим калиди ҳаёти хонанда дода шудааст. Барои дар оянда ки шудани шогирдон, муаллим ҷавобгар аст. Ҳар як муваффақияти хонанда муаллимро руҳбаланд ва ҳар камбудии он муаллимро руҳафтода менамояд. Касби муаллимӣ касбест, ки маҳсули он хеле дер баназар мерасад.

Парвози бомуваффақияти кайҳоннавард, ҷарроҳии дурусти ҷарроҳ, рўёнидани ҳосили хуби пахтаву ғалла натиҷаи меҳнати аълои муаллим мебошад. Адиби ўзбек Шўҳрат чун фарзанди замон баҳои муаллимро чунин муайян кардааст:

Агар ҳаёт баҳр бувад гавҳар муаллим,

Агар ҳаёт зар бувад заргар муаллим.

Ақлу хирад дар натиҷаи хонишу омўзиш бештар ҳосил мешавад. Илмро дар амал тадбиқ кардану истифодаи он дар ҳаёт муҷиби ҳосили таҷриба буда, натиҷааш хушҳолист. Маънои вожаи «таҷриба» – озмоиш, санҷиш ва имтиҳонро дорад, яъне бе озмоишу санҷиш мақсуд ба даст намеояд. Донишу таҷриба инсонро комил ва дар кор ҳамеша муваффақ мегардонад. Барои омўхтани дониш ва ҳосил кардани таҷриба сабру тоқат, саъю кўшиши зиёд ва неруи тавоно лозим аст. Касе, ки ба ин масъала аҳамияти даркорӣ намедиҳад, танбал асту шахси дар касби худ тасодуфӣ. Агар кас дар пешаи омўзгорӣ соҳибхираду болаёқат ва соҳибтаҷриба набошад, дар назди ҳамкорон, шогирдон ва волидони онҳо соҳиби эҳтиром нахоҳад шуд. Омўзгор бояд ҳар рўзу ҳар соат омўзад ва таҷриба гирад, зеро бузургон дар рўзгори хеш дар натиҷаи омўхтану таҷриба андўхтан ба муваффақият ноил гаштаанд. Мисол, деҳқонони мо дар натиҷаи мушоҳидаи зиёд таҷриба ҳосил карданд, ки дар тобистону тирамоҳ ба замин чи гуна муносибат карда, ҳосили фаровон ба даст оранд. Дуредгар дар натиҷаи мушоҳидаву озмоиш ба чунин натиҷа ноил шуд, ки чўби кадом дарахт барои сохтани зарф ва кадомаш барои биносозӣ мувофиқ аст ва оҳангар ба хулосае омад, ки дости сохтаи ў барои он серхаридор шуд, ки сифати оҳани гудохтааш баланд аст. Омўзгор бошад, дар натиҷаи истифода бурдани усулҳои гуногуни дарс беҳтарин роҳи самарабахшро кашф карду ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт. Омўзгори асил ҳамеша таҷриба меомўзад ва нисбат ба ин масъала саҳлангорӣ намекунад. Бояд таъкид намоям, ки собиқаи кори зиёд доштан ҳанўз маънои соҳибтаҷриба буданро надорад. Аз мушоҳида бар меояд, ки баъзе омўзгорон солҳои дароз фаъолият карда, бо ҳамон методи пештара дарс мегузаранд, яъне дар машғулиятҳои худ аз усулҳои пешқадам ва муосир истифода намебаранд, ё усули навро сарфаҳм ва ё дарк намекунанд ва ё заҳмати зиёд кашидан намехоҳанд.

Ба ҳамагон аён аст, ки дар натиҷаи илмро дар амал татбиқ кардан, таҷриба ҳосил мешавад. Агар омўзгор ба шогирдони хеш аз сидқи дил машғулият гузарад, ҳамеша сарбаланд аст. Дар таълимгоҳи мо омўзгорони болаёқату соҳибтаљриба зиёданд. Қариб аксари омўзгоронамон мутахассисони варзидаи касбианд. Ин аз натиҷаи озмуну санҷишҳо маълум мегардад. Пеш аз ҳама, омўзгорони мо дар худ масъулият ҳис мекунанд, яъне инсонҳои баору номусанд. Агар шахс дар вақташ ба синфхона даромада, аз рўйи виҷдон бо муҳаббат ба шогирдон сабақ диҳад, ҳаргиз бе подош намемонаду ҳатман мукофоти амали худро мегирад. Омўзгорон хуб мефаҳманд, ки дар баробари таълиму тадрис, инчунин корҳои зиёдеро ба сомон бояд расонд. Дар таълимгоҳи мо ҳам иттиҳодияи методӣ амал мекунад. Хушбахтона, бояд иқрор шуд, ки таъсири иттиҳодияи методӣ дар кори таълиму тарбия бениҳоят калон мебошад. Дар иттиҳодия гурўҳи омўзгороне амал мекунанд, ки ҳама бо як мақсад – тарбияи ҳаматарафаи шогирдонро доранд. Агар ба шахс як нафар чизе фаҳмонданӣ шавад, мумкин он қадар таъсирбахш набошад, вале аксаран ўро ба роҳи нек ҳидоят кунад, албатта, он судбахш аст.

Вожаи омўзгор, махсусан дар Шарќқ муқаддасу ифтихорист. Дар ада-биёти классикии мо фаровонанд ҳикояҳое, ки дар онҳо мартабаву мақоми волои устодон ситоиш мешавад: шаҳаншоҳ пеши устод замин мебў-сад, вазир аз асп ба зер меояд, сарлашкари ҷаҳонгир сари таъзим фуруд меоварад… Мехоҳам ана ҳамин гуна эҳтиром дерин нисбат ба омўзгорон дар кишвари мо эҳё гардад.

Дар хотима, камина ҳамчун омўзгор ба аҳли маорифчиёни кишвар саломатӣ ва барори кор таманно менамоям, ки онҳо фаъолияти минбаъдаи хешро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҷурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара ва нақшаву барномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон боз хубтар ба роҳ монда, талош намоянд, ки таълиму тарбияи насли наврасро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот густариш бахшанд ва бо дониши баланду босифат таъмин намудани ҳар як шогирд бештар масъулият ҳис намоянд ва шоири ширинкалом Халилуллоҳи Халилӣ ба маврид фармуда:

Xyд муаллим низ шогирд acт пеши рўзгор,

Haв ба нав дарсе диҳад моро ҷаҳон, гар бингарӣ

Рўзи таҷлили муаллим ҷашни арбоби дил acт,

Эй хушо, ин ҷашни дилкаш, эй хушо, ин дилбарт

Аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Раҷабгул Холова, ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии "ЯКДИЛИ"


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ