Hhdt | Shohmansur

ЗАБОН РУКНИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ ВА ДАВЛАТДОРӢ

ЗАБОН РУКНИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ ВА ДАВЛАТДОРӢ

Яке аз рукнҳои асосии ҳастӣ ва муаррифгари ҳар як миллат ва давлати миллӣ забон маҳсуб меёбад. Омӯзиши марҳилаҳои ташаккули забон гувоҳ бар он аст, ки дар қатори ташаккулёбӣ сангарҳоеро сипарӣ намудааст, ки омилӣ нестшавии баъзе аз хусусиятҳои хоси забонӣ гардидаанд. Дар тӯли таърих ҳар як халқ кӯшиш бар он дошт, ки ин муқаддасоти ҳастии хешро дар радифи дигар падидаҳои ҳаётӣ ҳифз намоянд. Аммо ин ҳифозат ба ҳамаи халқиятҳо муяссар нагардида, боиси дар аввал нестшавии забон ва баъдан исми онњо гардид. Аз ҷумлаи ин гуфтаҳо мо метавонем забонҳои қадимаи халқҳои Шарқи Наздикро мисол биёварем. Имрӯз ҳам забон ва ҳам номи онҳо ҳамчун халқияти таърихӣ нопадид шудааст. Ҳоло он, ки аввалин нишонаҳои тамаддун ва маданияти ғанӣ дар ин минтақа пайдо шудаанд. Ин ҷиҳатҳоро ба назар гирифта, имрӯз ҳар як миллати соҳибзабонро мебояд, ки ин гавҳари ноёби хешро чун гавњараки чашм ҳифз намоянд.

Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи он забонҳое мебошад, ки дар тӯли таърих марҳилаҳоеро сипарӣ намудааст, ки он махсусиятҳои ин унсури ҳастии аҷдоди моро инъикос менамояд. Истодагарӣ намудан дар рӯёрӯйи фарҳанг ва забони аҷнабиён, ки ба сари аҷдодони миллати сабури тоҷик бадабахтиҳои сахтеро овардаанд, яке аз чунин саҳифаҳои сарнавиштзоси забони тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намудааст: “Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи хеш бо вуҷуди он ҳама рӯёрӯйи бо чандин забонҳои тавонои дунё чеҳраи воқеии худро нигоҳ доштааст, ки ин далели тавоноии бунёдии ин шохаи забони ориёӣ аз даврони бостон то имрӯз мебошад”. Маҳз ана ҳамон чеҳраи асили забони маҳбуби мо аст, ки имрӯз дар сатҳи конфронсҳои байналхалқӣ намояндаҳои миллатамон бо забони тоҷикӣ ҳарф зада мақоми миллат ва давлатамонро баланд бардоштаистодаанд. Садо додани пешниҳодҳои судбахши Пешвои муаззами миллатамон дар сатҳи байналмилӣ бо забони тоҷикӣ бори дигар халқи кӯҳанбунёди тоҷикро ҳамчун субъети тамаддунофар ва ваҳдатофарин муаррифӣ менамояд.

Аз байни забонҳои ориёӣ забони тоҷикӣ ягона забонест, ки дар асоси ба инобат гирифтани хусусиятҳои хоси ташаккулёбиаш онро метавон ба се давраи алоҳида ҷудо намуд. Он дар ҳар марҳилаи худ рушду нумӯъ карда, бо ин хусусияташ аз дигар забонҳои ориёӣ фарқкунанда мебошад. Таъкид намудан ба маврид аст, ки забони тоҷикӣ ба ҷойи забонҳои форсии миёна, бохтарӣ, суғдӣ ва портӣ дар ҳудуди густаришу ташаккулёбии ин забонҳо ҷойгузини онҳо гардид. Аз лиҳози як қатор хусусиятҳои хосаш ба монанди овозӣ, луғавӣ, дастурӣ аз забонҳои қадимаи хешованди худ то дараҷае дур рафта, ҷиҳатҳои хоси худро ҳамчун забони мустақил пайдо намуд. Пеш аз ҳама, дар бахши фонетика ё овошиносӣ масъалаи тағйирот ва таҳаввули сифатӣ бар ивази тағйироти миқдорӣ ба ҷойи аввал мебарояд. Дар бахши сарфу наҳв тағйироти асосӣ аз ҳолати тасрифӣ (синтетикӣ) ба ҳолати таҳлилӣ (аналитикӣ) гузаштани ҳиссаҳои нутқ мебошад.

Агар ба хусусияти давраи аввали таърихияти забони тоҷикӣ назар намоем, хусусиятҳои лаҳҷавӣ ва маҳаллии он дар манотиқи мухталифи ташаккулёбӣ ва густаришаш ба мушоҳида мерасад, ки таҳлил ва таҳияву луғатномаҳои гуногуни он шабеҳи ин гуфтаҳост. Вале бо ин гуфта наметавонем, ки он тамоман ранги дигар гирифта, хусусияти бегонашавиро касб кардааст. Хусусиятҳои забонӣ ва меъёрии забони адабӣ барои забони тоҷикӣ то имрӯз боқист, ва метавон қайд намуд, ки баракси хусусиятҳои гунаҳои тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ миёни ин се гунаи забони адабӣ умумият ва фарқият хеле бисёр аст.

Забони тоҷикӣ забони кӯҳан буда, минтақаи асосии пайдоиши он Хуросону Мовароуннаҳр, махсусан ду тарафи дарёи Омӯ мебошад. Ба таври дигар гӯем ин забон дар заминаи забонҳои маҳалии марзҳои номбурда: суғдӣ, портӣ, ва тахорӣ ташаккул ёфта ба дараҷаи забони илмиву адабӣ омада расид. Забони тоҷикӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Тоҳириёну Саффориёну Сомониён ва дигар хонаводаҳои эрониасл ба сифати забони илму адаб аз маҳдудаи як забони миллӣ берун гардид ва дар асрҳои баъдӣ дар як қисмати бузурги қитъаи Осиё ба забони байналмилалӣ табдил ёфт.

Хусусияти дигари забони тоҷикӣ дар рақобатпазирии он инъикос меёбад. Махсусан бо лашкаркашии арабҳо ва таъсири маданияти исломӣ аксарият мардуми Шарқи Наздик забони хешро аз даст доданд, вале забони тоҷикӣ на танҳо истодагарӣ карда тавонист, балки нобиғаҳеро ба миён овард, ки муаррифагари он дар сатҳи ҷаҳонӣ шуданд. Дар ин маврид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намудааст: “Давраи истилои араб барои тоҷикон ва халқҳои дигари ориёӣ дар баробари марҳилаи шикасту нокомиҳои сиёсиву низомӣ буданаш ҳамчунин даврони ба зуҳур омадани рӯҳи озодихоҳиву ватанпарварии ҳазорон фарзандони ҷасуру фидокор буд, ки то нафаси охирин бо нерумандтарин қудрати замон мубориза бурда, дар набардҳои нобаробар қаҳрамонона ҳалок мешуданд Дар он лаҳзаҳои фалокатбори таърих, ки масъалаи буду набуди ҳастии маънавии ниёкони мо ҳал мегардид, хориқаи забон, фарҳанг ва тамаддуни бостонии мо муъҷизаосо рӯйи кор омад ва растохези маънавии қавмҳои ориёиро дар саросари қаламрави хилофат тавлид намуд. Бонги ин растохез аз оғози давраи таҷаддуду эҳёи тоҷикон ва қавмҳои дигари ориёӣ башорат дод”. Дар асоси ин гуфтаҳо ҳаминро зикр намудан меарзад, ки забони тоҷикӣ дар замони истилои арабҳо ба сифати забони амалкунандаи муошират дар Эронзамини шарқӣ бештар ва дар қисмати ғарбии он бошад камтар дар ривоҷу равнақ қарор доштааст. Дар ибтидои паҳншавии дини мубини ислом ҳамзистии забони тоҷикӣ бо забони арабӣ боис гардид, ки забони арабӣ таъсири бузурге дар забони форсии дарӣ бар ҷой гузорад. Муҳимтарин забони таъсиргузор ба забони арабӣ шуд. Ҳамчунон, ки забони мо дар ин давра забони тоҷикӣ ба ҳайси забони гуфторӣ ва забони арабӣ ба сифати забони навишторӣ истифода мешуд. Забони форсии дарӣ дар замони истило асолат ва хусусияти офарандагии худро ҳифз карда, дар масири доду ситади луғавӣ бо забони арабӣ барои худ заминае ҷиҳати касби машрӯияти сиёсиву динӣ ва расмияти адабиву фарҳангӣ фароҳам сохт. Эҳё ва рушди забони тоҷикӣ (форсии дарӣ) ҳамчун забони расмӣ дар даврони Тоҳириён шурӯъ гардида, дар аҳди Саффориён ривоҷу равнақ пайдо намуд ва дар замони Сомониён ба авҷи аълои худ рафта расид. Забони тоҷикӣ-форсӣ, ки мояи ифтихор ва василаи сарнавиштсозу ваҳдатофар ва мутаҳидкунандаи қавмҳои ориёинажод аст, дар давраи ҳукумати сулолаи Сомониён ба сифати забони расмӣ ва омили мутаҳиддии миллият дар тамоми қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр ва дигар вилоятҳои тобеи давлати Сомониён рушду равнақ ёфт ва ба авҷи қудрату шукуфоӣ расид. Дар ин радиф ин сиёсати пешгирифтаи фарҳангпарварони Сомониён ба давлатдориҳои минбаъдаи минтақа таъсир расонида он дар пайравӣ ба ин хонадони асилнажоди тоҷик дар густариши забони тоҷикӣ мусоидат намуданд. Ба ибораи дигар, Ғазнавиёну Ғуриён ва Салҷуқиён сиёсати забонгустарии Сомониёнро идома бахшиданд ва доираи корбурди забони тоҷикиро дар шарқу ҷануб то сарзамини Ҳинду Синд ва дар ғарб то Осиёи Сағиру Сурия густариш доданд. Ҳуҷуми офатбори муғулҳо ҳатто натвонист ба забони ноби ширину равони тоҷикӣ таъсири манфии худро расонад. Забони тоҷикӣ то соли 1920 дар минтақа ба сифати забони расмӣ-коргузорӣ мавриди истифода ќарор дошт.

Дар замони муосир мо миллати фарҳагсолори тоҷикро мебояд, ки дар ҳифзи забону меҳани хеш, ки асоси ҳастии мо мебошанд, пайравӣ аз гузаштагони бо нангу номус ва меҳандӯсти хеш намоем.

Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ