Hhdt | Shohmansur

Забони шевотарин ва шаҳдрези модарӣ

Забони шевотарин ва шаҳдрези модарӣ

Забон рукни асосии нишони давлатдорӣ ба шумор меравад. Ҳар як миллат маҳз ба василаи забон ҳамчун миллати соҳибихтиёр ва соҳибтамаддун шинохта мешавад. Забон воситаи ягонаи ҳифзи мероси гаронбаҳои моддӣ ва маънавии ҳар як халқ мебошад.

Забони ҳар қавму миллат бидуни шак оинаи рӯзгори гузаштаву имрӯзаи ҳамон қавму миллат аст, ки дар худ таъриху фарҳанг, донишу хирад ва тафаккуру андешаи онро инъикос мекунад. Аз ин ҷост, ки дар оинаи ҳақиқатнамои забони модарии мо таърихи пурифтихор, фарҳанги оламгир ва донишу хиради азалии мардуми мо бо ҳама шукӯҳу шаҳомат ва қудрату азамати худ дар қолаби назму наср инъикос гардидааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург Рӯдакӣ, Фирдавcӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Аҳмади Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Пайрав Сулаймонӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарон асарҳои безавол эҷод кардаанд.

Боиси тазаккур аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали замони Истиқлол то имрӯз оид ба нуфузи забони давлатӣ ва таъмини мақоми он дар муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ пайваста кӯшиш ба харҷ дода, ҳифзи онро яке аз вазифаҳои асосии худ медонад. Зеро таърих исбот намудааст, ки ҳар як миллат ва давлати миллӣ бо доштани забони миллии худ устувор ва пойдор мемонад. Бо нест шудани як забон, як фарҳанг низ аз байн меравад. Мо хуб медонем, ки бисёр қавму миллатҳои дунё бо сабаби аз даст додани забони модарии хеш аз саҳифаҳои таърих хориҷ шуда, имрӯз вуҷуд надоранд.

Дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруи ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир мақоми волотаре касб намудааст. Ба шарофати ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони модарии мо рушди бесобиқа пайдо кард.

Бо пешравиҳои назаррас дар роҳи бунёди давлати миллӣ зарурат пеш омад, ки Қонуни забон, ки қабл аз рӯзгори Истиқлолият ба тасвиб расида буд, таҷдиди назар карда шавад. Бинобар ин, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар таҳрири нав аз тарафи Пешвои миллат ба имзо расид ва ин таърих рӯзи гиромидошти забони модарӣ муқаррар гардид, ки ҳамасола дар мамлакати мо бо як шукӯҳи хоса таҷлил мешавад.

Қонуни забон ҳар як шаҳрванди кишварро вазифадор мекунад, ки дар мадди аввал забони давлатиро донад. Ҳамзамон давлати Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки истифода, рушд ва ҳимояи забони давлатиро таъмин намояд.

Амалӣ намудани талаботҳои Қонуни мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки бори нахуст сухани ноб ва ширину шевои тоҷикӣ дар баландтарин минбарҳои ҷаҳон аз забони Пешвои миллат садо дод ва ба ҷаҳониён аз ҳастии давлату миллати тоҷик мужда расонд.

Бо шарофати сиёсати забонгустарӣ ва иқдомҳои пайдарпайи Пешвои миллат дар ин замина забони модарӣ ҷойгоҳи аслии худро дар миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа пайдо намуд. Ёдоварӣ мебояд, ки Пешвои миллат андеша ва мулоҳизаҳои худро дар бораи забон дар аксари асару мақола ва суханрониҳои худ, аз ҷумла китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ва «Забони миллат – ҳастии миллат» баён намудаанд.

Забони модарӣ шаҳди ҳаёт аст, ки мо, тоҷикон, меҳри онро бо шири модар ба дил ҷо карда, аз нахустин аллаи модар нисбати ин забони ширину шево меҳру муҳаббат пайдо намудаем. Ин забон барои ҳамаи мо муқаддасу гуворо ва азизу муътабар мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ қайд намуданд, ки “Забони модарӣ сарчашмаест, ки фарзандро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад. Ифтихори ватандориву ватанпарастӣ, ҳуввияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ низ аз дўст доштани лафзи модарӣ ва эҳтироми таъриху фарҳанг сарчашма мегирад.”

Мо, ҷавонони давраи Истиқлол бояд ҳамеша пайи он кӯшем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигоҳ дорем. Нагузорем, ки эҳтироми ин забони бузург ва лафзи поки модарӣ бо ҳар гуна калимаю ибораҳои ноҷо коста бигардад.

Мудири шуъбаи кор бо занони

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Турсунова М.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ