Hhdt | Shohmansur

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Тоҷикаэронавигатсия” маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Вализода Муҳммад-намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур зимни суханронии худ бобати паҳлуҳои гуногуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, афзуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон дар шароити низои байни тоҷикон таҳия ва қабул гардид. Аз ин лиҳоз, вазифаи аввалиндараҷаи он таъмини оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон буд. Ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон пешниҳодоти доираҳои васеъи аҳолӣ, намояндагони гуруҳҳои гуногуни ҷомеа ба инобат гирифта шудаанд. Конститутсияи Тоҷикистон нахустин қонуни асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз ҳазорсолаи аз байн рафтаи давлати Сомониён барпо гардид.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ