Hhdt | Shohmansur

“КОНСТИТУТСИЯ ЗАМИНАИ ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ”

“КОНСТИТУТСИЯ ЗАМИНАИ ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ”

Ба ҳамин унвон бахшида ба 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”-и Донишгоҳи миллӣ конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур Мирзозода Иброҳим-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода Зулфиқор-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, проффесор - Маҳмудзода Маҳкам Аъзам, декани факултети таърих-Шарифзода Раҳмоналӣ ва дигар олимону донишмандон иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронии худ Мирзозода Иброҳим-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе қайд кард, ки тамоми дастовардҳое, ки дар тули 27 соли амали Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқи тоҷик гардиданд, натиҷаи хирад, заковат ва заҳмати содиқонаи халқи тоқик мебошад. Дар масири 27-сол халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи мукарррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.

Сипас Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, проффесор - Маҳмудзода Маҳкам Аъзам нутқ кард, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон пешқадамтарин меъёрҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ дарҷ ёфтааст. Баъди қабули Конститутсияи мо, Тоҷикистон узви 70 созмонҳои минтақавию байналмилалӣ гардид ва мақоми Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосаро касб кард. Баромадкунандагон бобати паҳлуҳои гуногуни ин санади олии тақдирсоз суханронӣ намуданд.

Гулаҳмадзода Зулфиқор-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур афзуд, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудааст.

Дар интиҳо як қатор фаъолон ба муносибати 27-солагии Конститутсия бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ шуда, ҳамзамон як адад китоби Конститутсия тақдим карда шуд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ