Hhdt | Shohmansur

КОНСТИТУТСИЯ ШАҲОДАТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ҲОМИИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

КОНСТИТУТСИЯ ШАҲОДАТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ҲОМИИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба солгарди 27-уми Рузи цабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази миллии Қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонон фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир гардид. Сароғоз ҳамоишро Саидзода Иззатулло директори маркази мазкур ифтитоҳ бахшида, оид ба нақши Конститутсия дар умури сиёсии давлат, ҳимояи манфиатҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати зиндагии шоиста, ҳимояи якпорчагии сарзамин ва амсоли ин мавзӯҳои набз суханронӣ намуд.

Сипас Вализода Муҳаммад-намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмнсур зимни суханронии худ афзуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеъи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад. Он нахустин қонуни асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз ҳазорсолаи аз байн рафтаи давлати Сомониён барпо гардид.

Дар интиҳо донишҷӯёни фаъол бо туҳфаҳои хотирравӣ қадрдонӣ гардиданд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ