Hhdt | Shohmansur

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҲКИМИ ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚӢ ДАР КИШВАР

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҲКИМИ ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚӢ ДАР КИШВАР

Бо иштироки Вализода Муҳммад-намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Мулоев Дилшод-коршиноси масоили сиёсӣ дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Роҳи умед” ба ифтихори рӯзи қабули Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид. зимни суханронӣ баромадкунандагон иброз доштанд, ки 6-уми ноябри соли 2021 мардуми шарифи Тоҷикистон 27-юмин солгарди қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро ҷашн мегиранд. Дар масири 27-сол халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи мукарррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид. Вобаста ба паҳлуҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ маънавию ахлоқӣ ва якпорчагию муттаҳидии халқ сухан рафт.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ