Hhdt | Shohmansur

НАТИҶАГИРӢ ДАР МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ МАҲАЛАИ «БЕДИЛ»

НАТИҶАГИРӢ ДАР МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ МАҲАЛАИ «БЕДИЛ»

Маҷлиси ҳизбии ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии маҳалаи “Бедил” бо иштироки аъзоён ҲХДТ мутахассисӣ шуъбаи ҷавонон Сорбони Давлатзода ва мутахассисӣ шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Комилов Амрулло баргузор гардид.

Инчунин, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсӣ, аз ҷониби мардуми маҳала, гузарондани шанбегиҳо дар маҳала, тозаю озода нигоҳ доштани маҳала ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинии мардум нақши сазовор гузоштанд.

Сипас бо пешниҳоди аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ раиси ташкилот, муовини ӯ, як нафар вакил ба конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур интихоб гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Бобати тақвияти фаъолияти ташкилоти ибтидоии маҳалаи “Бедил” ба кормандон ва фаъолони ташкилоти ҳизбӣ тавсеаҳо дода шуд.

Маҷлис аз ҷониби иштирокчиён қаноатбахш қабул карда шуд.

Дар интиҳои маҷлис кормандони ҲХДТ дар самти Сулҳу-Суботи ҷомеъа суханрони намуданд, қайд карда шуд, ки тероризму-экстремизм вабои аср ба ҳисоб рафта ба амнияти минтақа ва ҷаҳон бе таъсир буда наметавонад. Аз ин рӯ солмандон ва раисони маҳалаҳоро мебояд, ки дар ин мавзӯъ бетарафӣ накарда, ба наврасон ва ҷавонони маҳалаҳо корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт ҷоннок намоянд.

Ба мардуми маҳала аз ҷониби кормандони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар зиндагии осудаашон пешравию, барор тамано гардид.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ