Hhdt | Shohmansur

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ХАЙРИЯ”

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ХАЙРИЯ”

Дар Ташкилоти ибтидоии “Хайрия” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, ва Раиси ташкилоти ибтидоии “Хайрия” оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.

Нахуст ҳисоботи раиси ташкилот оид ба фаъолияти сиёсии ҳизбӣ дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 шунида шуд. Зикр гардид, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоӣ дар чорабиниҳои сиёсӣ иштироки фаъол дошта, инчунин, бобати татбиқи стратегияи давлат “Таъмини амнияти озуқаворӣ”, коркарди селексия ва истеҳсоли навъҳои серҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, хушзоткунии чорво, бозомӯзӣ ва дастгирии олимони ҷавони соҳа, иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсии обуна-2022 ба рӯзномаҳои ҳизбӣ фаъолияти муваффақ доштанд. Аъзоёни ҳизб, собицадорону фаъолон дар музокира баромад намуда, ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Сипас аз рӯйи масъалаҳои дигари маҷлис бо пешниҳоди аъзоёни ҳизб раиси ташкилоти ҳизбӣ, муовини раис, котиб ва масъулини комиссияҳои кор бо занону ҷавонон ва намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” интихоб гардиданд. Раиси ташкилот ҳамчун вакил ба конференсияи ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур интихоб гардид.

Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, баромад намуда, роҷеъ ба фаъолияти назарраси ташкилот бобати баланд бардошгтани иродаи сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, тарғиби идеологияи миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, садоқат ба Ватан, миллат ва Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ибтикороти созандаву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе, дастгирӣ ва ҳамовозии содиқонаву самимии сиёсати бомароми Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсии “Обуна-2023” ва амсоли ин мавзӯҳои набзи ҷомеа суханрони намуданд.

дар анҷоми маҷлис суруди миллӣ аз ҷониби кормандон ва аъзоёни ҳизб бо таври зинда суруда шуд.

Боҳамин ба маҷлиси ҳисоботи интихоботи ҳусни анҷом бахшида шуд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ