Hhdt | Shohmansur

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СИЁСИИ ҲИЗБӢ ДАР МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ГЕОЛОГИЯИ ПОМИР”

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СИЁСИИ ҲИЗБӢ ДАР МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ГЕОЛОГИЯИ ПОМИР”

Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Геологияи Помир” баргузор гардид. Дар маҷлис иштирок ва суханрони намуд Комилов Амрулло мутахассисӣ шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳо.

Сараввал ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ аз ҷониби раиси ташкилот ироа карда шуд. Тазаккур дода шуд, ки дар тарғибу татбиқи барномаҳои ҲХДТ аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ саҳм гирифта, сиёсати созандаву бунёдкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ ва дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ ҳадафмандона фаъолият менамоянд.

Дар музокира ҳисоботи раиси ташкилот қаноатбахш арзёби гардид.

Сипас аз рӯйи масъалаҳои дигари маҷлис, раиси ташкилот ва муовини ӯ аз нав интихоб карда шуданд. Ҳамзамон як нафар вакил барои ширкат дар конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ноҳияи Шоҳмансур пешбарӣ гардид.

Масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта шуд ва қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар интиҳои маҷлиси ҳизбӣ Комилов Амрулло мутахассисӣ шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳо зимни суханронии худ афзуд, ки дар амалӣ намудани ҳадафҳои олии Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарғби идеологияи миллӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ дар шароити равандҳои мураккаби авзоъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳон, ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва устувории сиёсӣ дар кишвар, нақши созгор доранд.

Дар охир раиси тозаинтихоби ташкилот дар бораи дастовардҳои даврони соҳибистиқлоли ҳарфзад, ӯ афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30-соли соҳибистиқлолиаш ба дастовардҳои бузурге ноил гардид. Яке аз дастовардҳои бузурги мардуми сарбаланди Тоҷик ин ваҳдати миллӣ мебошад, ки дар рушду нумуи мардуми тоҷик нақши калидиро мебозад. Пас аз он суруди миллӣ суруда шуд ва баъд маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ пушида эълон гардид.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ