Hhdt | Shohmansur

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РОҲСОЗОН” ДОИР ГАРДИД

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РОҲСОЗОН” ДОИР ГАРДИД

Дар ташкилоти ибтидоии “Роҳсозон” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки Гулаҳмадзода Зулфиқор- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аъоёну ҷонибдорони ҳизб баргузор гардид.

Нахуст ҳисобот шунида шуд. Зикр шуд, ки ташкилот дар ин давра дар ҳамдастӣ бо аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ як зумра корҳоро сомон додаанд. Афзуд, ки бунёди инфрасохтори нақлиёт барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ ниҳоят муҳим мебошад. Дар ин самт як қатор корҳои назаррас сомон дода шудаанд. Дар кишвар садҳо километр роҳҳо бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ҳизбиёни ташкилот дар кору фаъолияти касбӣ ва ҳаёти ҷамъиятии кишвар саҳми арзандаи худро гузошта, ҳамзамон баҳри беҳтару хубтар ба роҳ мондани хизматрасониҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ саҳми босазои худро гузошта истодаанд. Аъзоёни ҳизб дар тарғиби арзишҳои миллӣ, татбиқи Барномаи ҲХДТ саҳми муносиб гузошта, дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар музокира фаъолон баромад намуда, ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Сипас аз рӯйи масъалаи дигари маҷлис бо пешниҳоди аъзоёни ҳизб раёсати ташкилоти ибтидоии “Роҳсозон”, раис, муовини раис, котиб ва масъулини комиссияҳои кор бо занону ҷавонон ва намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз нав интихоб гардиданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бобати таҳкими давлатдории миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани худогоҳии миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, садоқат ба Ватан, миллат, Президент, хизмати содиқонаву дастгирии самимонаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ суханронӣ намуд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ