Hhdt | Shohmansur

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ТОҶИКФИЛ” ДОИР ГАРДИД

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ТОҶИКФИЛ” ДОИР ГАРДИД

Бо иштироки Вализода Муҳаммад-намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ташкилот маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид. Сароғоз муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ вобаста ба фаъолияти ташкилот дар ин давра ҳисобот дода афзуд, ки дар ин давра барномаҳо бо сифати баланд таҳия гардида, тарҷумаи филмҳо, матн, танзими видеоӣ, танзими овоз, мазмуну муҳтавои филмҳо такмил ёфтанд. Оид ба тарғиби дастоваррҳои даврони истиқлоли кишвар, сиёсати созандаи давлату Ҳукумат ҳайъати эҷодӣ ва фаъолони ҳизбӣ ҳамеша фаъолияти назаррас менамоянд. Зикр шуд, ки дар ҳамдастӣ бо ҳамаи аъзоёни ҳизб дар чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ иштирок ва саҳм гирифта, филмҳои мустанад таҳия намуданд.

Азъоёни ташкилот ба музокира баромада, ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Бо пешниҳоди аъзоёни ҳизб раис ва муовини ташкилоти ибтидоии “Тоҷикфилм”, масъулини комиссияҳои кор бо ҷавонону занон ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ташкилот бо овоздиҳии якҷоя интихоб гардиданд. Раиси ташкилоти ибтидоӣ ба ҳайси вакил дар конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳия интихоб гардид.

Сипас Вализода Муҳаммад дар баромади худ қайд кард, ки ҲХДТ таҳти сарварии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои наҷиб ва шоиста бобати таъмини зиндагии шоистаи мардум, инкишофи озодона ба ҳар шаҳрванд, рушди ҳамаҷонибаи давлатдории миллӣ, тарғиби идеологияи солими миллӣ, тарбияи хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ватан саҳми муносиб дорад. Ҳамзамон бобати тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, корбарию ҳуҷҷатнигорӣ, танзими ҳаракати аъзои ҳизб, бақайдгирӣ ва азқайдбарории аъзои ҳизб дар дар ташкилот, ҷалб намудани афроди содиқ ба Ватану миллат ба ҲХДТ, баланд бардоштани иродаи сиёсии аъзои ҲХДТ ва амсоли ин дастуру тавсеаҳои судманд пешниҳод намуданд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ