Hhdt | Shohmansur

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “АМОНАТБОНК-02”

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “АМОНАТБОНК-02”

Дар ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк-02” бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва итилоот Вализода Муҳаммад ва сармутахассисӣ шуъба Ҳусейнов Далер оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.

Нахуст ҳисоботи раиси ташкилот оид ба фаъолияти сиёсии ҳизбӣ дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 шунида шуд. Зикр гардид, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоӣ дар чорабиниҳои сиёсӣ иштироки фаъол дошта, инчунин, бобати татбиқи стратегияи давлат “Таъмини амнияти озуқаворӣ”, иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсии обуна-2022 ба рӯзномаҳои ҳизбӣ фаъолияти муваффақ доштанд. Аъзоёни ҳизб, олимону фаъолон дар музокира баромад намуда, ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Сипас аз рӯйи масъалаҳои дигари маҷлис бо пешниҳоди аъзоёни ҳизб раиси ташкилоти ҳизбӣ, муовини раис, котиб ва масъулини комиссияҳои кор бо занону ҷавонон ва намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” интихоб гардиданд. Раиси ташкилот ҳамчун вакил ба конференсияи ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур интихоб гардид.

Сипас мудири шуъбаи таблиғот ва итилоот Вализода Муҳаммад баромад намуда, роҷеъ ба фаъолияти назарраси ташкилот бобати баланд бардошгтани иродаи сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, тарғиби идеологияи миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, садоқат ба Ватан, миллат ва Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ибтикороти созандаву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе, дастгирӣ ва ҳамовозии содиқонаву самимии сиёсати бомароми Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсии “Обуна-2023” ва амсоли ин мавзӯҳои набзи ҷомеа нутқ карданд.Ҳамзамон бобати масоили ҳаракати аъзои ҳизб, баргузории соатҳои сиёсӣ, тақвият бахшидани фаъолияти сиёсии ташкилот ва баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ташкилот дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

Дар анҷоми маҷлис ба якчанд нафар кормандоне, ки иродаи идеалогии ҳизби дошта ва ба сафи аъзоёни ҲХДТ шомил гардиданд шаҳодатномаҳои ҳизби супорида шуд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ