Hhdt | Shohmansur

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ОРОИШГАР” ДОИР ГАРДИД

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ОРОИШГАР” ДОИР ГАРДИД

Бо садо додани суруди миллӣ дар ташкилоти ибтидоии “Ороишгар” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ оғоз гардид. Дар кори маҷлиси ҳизбӣ мудири шуъбаи таблиғот ва итилоот Вализода Муҳаммад иштирок ва суханрони намуд.

Нахуст раиси ташкилот ҳисобот дода афзуд, ки ташкилот дар ин давра дар ҳамдастӣ бо аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ як зумра корҳоро сомон додаанд. Аъзоёни ҳизб ва кормандони корхона дар тарғиби арзишҳои миллӣ, татбиқи Барномаи ҲХДТ саҳми муносиб гузошта, дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуданд. Хониши сиёсии китоби “Тоҷикон”и Бобоҷон Ғафуров бо иштироки олимону муаррихон ҳар ҳафта гузаронида шуд. Масъалаҳои дохилиҳизбӣ: ҳаракати аъзои ҳизб, баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи ҳизб, баргузории соатҳои сиёсӣ, пардохти ҳаққи узвият, муҳргузории шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, корбарию ҳуҷҷатнигорӣ ва амсоли ин мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар музокира фаъолон баромад намуда, ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Сипас аз рӯйи масъалаи дигари маҷлис бо пешниҳоди аъзоёни ҳизб раёсати ташкилоти ибтидоии “Ороишгар”, раис, муовини раис, котиб ва масъулини комиссияҳои кор бо занону ҷавонон ва намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз нав интихоб гардиданд.

мудири шуъбаи таблиғот ва итилоот Вализода Муҳаммад бобати таҳкими давлатдории миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани худогоҳии миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, садоқат ба Ватан, миллат, Президент, хизмати содиқонаву дастгирии самимонаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ суханронӣ намуд.

Дар интиҳои маҷлис суруди миллӣ садо дод ва пасон ба маҷлис ҳусни анҷом бахишида шуд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ