Hhdt | Shohmansur

МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ГИДРОЭКОЛОГӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ

ГИДРОЭКОЛОГӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Асри ХХI бо тамоми таҳаввулоташ барои ҷомеаи ҷаҳон мушкилотҳое эҷод намудааст, ки роҳи ҳалли онҳо дар сатҳи глобалӣ баррасӣ мегардад.Яке аз мушкилоте,ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ин норасоии оби ошомидани мебошад, ки ин боиси талафи ҷонии мардумон мегардад. Дар чунин вазъият Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад худро аз ҳалли мушкилоти глобали чун норасоии оби тозаи ошомиданӣ ва тағйирёбии иқлим канора гирад.

Аз ин рӯ президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2005 – 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” ва солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”-ро аз минбари СММ эълон намуд, ки ин пешниҳоди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тамоми давлатҳои дунё эътироф гардида ва мавриди дастгири қарор гирифт.

Раванди бо суръати ташакулёбии корхонаҳои саноъатӣ, аз ҳад зиёди партовҳои полиэтиленӣ, рушди саноат ва афзоиши аҳолии сайёраро ба назар гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморид, ки нахустин ташаббуси глобалӣ, экологии худро маҳз дар ҳалли муҳимтарин талаботи сайёра, яъне норасоии оби тозаи ошомидани гузорад. Қобили зикр аст, ки баррасӣ гардидани мушкилоти норасоии об дар сатҳи ҷаҳон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон беасос набуда, зеро об ягона унсури табиат аст, ки онро ягон ашёи хом иваз карда наметавонад.Ҳарчанде, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи осиёи миёна аз лиҳози демографи дар саргаҳи оби тоза қарор гирифта бошад ҳам, мутаъсифона ҳастанд минтақаҳое,ки дар ҳудуди Ҷумҳури аз оби ошомидании тоза танқиси мекашанд.Барои ҳалли ин мушкилот Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд сари ин масъала андеша намояд, зеро дастнорас будани оби ошомидани ба мардуми деҳаҳои дурдаст мушкилоти аввалин дараҷа мебошад.

Аз мушоҳидаҳо бар меояд, ки мушкилоти гидроэкология дар ҳама давру замон, ҳатто барои дилхоҳ кишварҳои рушд кардаи дунё ҷой дошта, барои ҳал намудани чунин мушкилотҳо таъбирҳои зерин андешида мешавад.Аз ин лиҳоз мушкилоти гидроэкологи дар ҳама давру замон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба худ ҷалб намуда ва инсон дар ягон шароит наметавонад аз ҳалли муаммоҳои экологӣ рўй гардонад, зеро ҳал нагардидани чунин муаммоҳо метавонад ба ҳаёти инсон таҳдидовар бошад. Аз ин рӯ, ёдоварӣ аз нақши калидии Тоҷикистон дар баррасии аҳамияти экологии об ва истифодаи самараноки он дар сатҳи байналмилалӣ, аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда мушкилоти норасоии оби ошомидании тозаро дар ҷаҳон, аз минбари бонуфузӣ Созмони Миллалӣ Мутаҳид ба кӯлли мардуми олам расонида, таҳкид намуданд, ки об сарчашмаи зиндаги буда, арзиши он на камтар аз дигар сарватҳои табии мебошад.Аз ин рӯ аз тамоми мардуми олам талаб карда мешавад, ки ба тоза ва сарфакории оби ошомиданӣ, бе тарафи зоҳир нанамоянд, ва ҳамзамон барои покиза нигоҳдоштани оби ошомидани камеҳам бошад саҳми худашонро гузоранд.

Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳои оби одию маъдании бешумор дорад. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор намуда буд, ки: “Тоҷикистон, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯйи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад”. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, табиат ин ҳама дороиро, ки ба мо арзони ато намудааст шукур гузор бошем ва ба қадри ҳамма неъматҳояш бирасем, тозаю покиза нигоҳдоштани обҳои муссафо, кулу дарёҳо, ва обанборҳо масъулияти шаҳрвандии мо буда,аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз вобастагии калон дорад.

Бо зиёдшавии корхонаҳои истеҳсолии гулхонаӣ, дар давлатҳои тарақи кардаи саноати ба монанди Чин, Инглистон, Русия ва ғайраҳо миқдори гази карбон дар атмосфераи замин зиёд гардида, ва ин боис мегардад,ки ҳарорат дар атмосфераи замин аз меъёр муайян баланд шуда боиси аз ҳад зиёд обшавии пиряхҳо гардад. Агар ин раванд давом ёфтан гирад ва касе ё чизе сади роҳи он нашавад баъди 100-150 сол 90%-и ҳудуди қитаи Африқо ба биёбон табдил ёфта, 5 милярд нафар дар тамоми кураи замин аз истифодаи оби тозаи ошомидани маҳрум мешаванд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки дар саргаҳи дарёҳои бузург воқеъ гардидааст ва дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад, ва аз рӯи захираҳои оби тоза дар ҷаҳон дар ҷои 7-ум ва дар ИДМ дар ҷои 2-юм (баъд аз Русия) қарор дорад. Захираи умумии обии Тоҷикистон 88,6 млрд м3-ро дар бар мегирад, ки ин зиёда аз 60%-и захираи обҳои осиёи миёнаро ташкил медиҳад. Моҳияти ин масъаларо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, соли 1999 дар ҷаласаи 54-уми СММ пешниҳод намуд, то соли 2003 соли байналмилалии “оби тоза” эълон карда шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби кишварҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфта ҳадафи асосии ин пешниҳод ҳалли проблемаи об дар сайёра мебошад, соли 2003 дар симпозиуми байналмилалие, ки дар шаҳри Токиё бахшида ба Соли оби тоза баргузор гардид, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2005-2015 даҳсолаи амалиёти «об барои ҳаёт» эълон гардид.

Дар ҷаҳони муосир зиёда аз як млрд аҳолии рӯи замин аз оби ошомидани танқиси мекашанд, 2.5 млрд. Аҳолӣ ба истифодаи оби ошомидании доимӣ дастраси надоранд, дар 80 давлати дунё оби нӯшокӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза ба аҳоли дастнорас мебошад. Ин боиси кам умрии одамони ин давлатҳо гардида метавонад, чунки экология, муҳит ва тозагии об ин синтези экологияи муосир мебошад. Ба зиёда аз 1,2 млрд аҳолии ҷаҳон хушксолӣ таҳдид менамояд. Аксарияти сокинони сайёра аз нарасидани оби тозаи ошомиданӣ ва хушксолии пай дар пай ба касалиҳои гуногун дучор мешаванд ва ин боиси фавти онҳо мегардад. Тибқи маълумотҳои оморӣ аз ҳисоби истифодаи обӣ ба талаботи меъёрҳои санитарию гегенӣ ҷавобгӯнабуда, ҳамасола беш аз 5 миллион нафар аз олам чашм мепӯшанд, ва 3 миллион нафар ба бемориҳои гуногуни сироятӣ дучор мешаванд. Зиёда аз 3 млрд инсон аз одитарин шароити беҳдоштӣ (санитарӣ) маҳруманд ва оби ифлоси баҳру уқёнусҳоро истифода мебаранд, ки ин боиси сироятёбии онҳо мегардад.

Таҳлилҳои дар боло овардашуда собит менамоянд, ки яке аз проблемаҳои асосии пайдошавии бемориҳои гуногун дар ҷаҳон, маҳз аз ифлосии об сарчашма мегиранд. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлат аз лиҳози мавқеъгири дар сарчашмаи оби тоза қарор гирифтааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масоҳат дар дунё ҷои 85-ум, аз ҷиҳати захираҳои обӣ 11-ум, аз рӯи таъмин намудани аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷои 8-ум,дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Русия аз рӯйи нишондод дар минтақа мақоми аввалро ишғол менамояд. Умуман 55, 4 % - и манбаъҳои обӣ ва 52 % - и ҳаҷми умумии пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон воқеъ гардидааст. Таърих ва тамаддуни умумибашарӣ гувоҳ аст, ки тоҷикон қадимтарин маскани сарзамини паҳновари Осиёи Миёна буда, аз давраҳои қадимтарин нисбати муқаддасоти табиат, бахусус об эҳтироми хоса доштанд. Ин хислати азалии хоси ин миллати бостонӣ дар давраҳои пурпечу тоби таърих аз байн нарафта, то ба имрӯз чун суннати аҷдодӣ омада расидааст.

Дар ҷаҳони муосир низ танҳо тоҷикон бо пешниҳодҳои хеш ба ҷомеаи ҷаҳони оиди одилона тақсим намудани оби ошомидани далели ин гуфтаҳо шуда метавонад. Тоҷикистон, ки сарчашмаи оби тоза дар минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад, дар сатҳи ҷаҳонӣ ташаббус ба миён гузошта буд, ки таъмин намудани дастрасӣ ба обҳои ошомиданӣ ва беҳдошт, масъалаҳои сифати об, самаранокии истифодаи он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи экосистемаи об, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи об амалӣ карда шавад. Роҳбари давлати Тоҷикистон, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ҷаҳонишавӣ зуҳуроти муаммоҳои экологиро хеле нозукона эҳсос намуда, дар асамблеяи Созмони Милалт Муттаҳид як зумра пешниҳодҳоро ба миён гузошта буданд. Аз он ҷумла “Соли 2003- Соли оби тоза”, солҳои 2005-2015 “Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт”, “Соли 2013- соли ҳамкории байналмилаӣ дар риштаи об”, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ба ин мисол шуда метавонанд. Аз ин рӯ мо шаҳрвандони сарзамини обҳои мусафоро мебояд, ба ин ҳамма ғамхориҳои табиат ва давлат бо масъулияти комил ҷавобгар бошем, ва нагузорем, ки табиати биҳиштосои сарзамини аҷдодии моро дар равандҳои ҷаҳонишави ба манфиятҳои шахсии худ истифода баранд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ