Hhdt | Shohmansur

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ФАРҲАНГ”

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ФАРҲАНГ”

Дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва муовини Варзири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.

Сараввал ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ шунида шуд. Тазаккур дода шуд, ки аъзоёни ташкилот дар чорабиниҳои сиёсӣ иштироки фаъолона дошта, дар таҳми давлатдории милли, татбиқи сиёсати фарҳангии кишвар, тарғиби арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва мероси гаронбаҳои ниёгон аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” саҳми муносиб доранд. Дар музокира фаъолон баромад намуда, ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Сипас аз рӯйи масъалаи дигари маҷлис бо пешниҳоди аъзоёни ҳизб раёсати ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”, раис, муовини раис, котиб ва масъулини комиссияҳои кор бо занону ҷавонон ва намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз нав интихоб гардиданд.

Сипас Гулаҳмадзода Зулфиқор роҷеъ ба фаъолияти доманадору муваффақонаи ҲХДТ дар низоми идоракунии давлат, тарғиби идеологияи миллӣ, тадбиқи Барномаҳои ҲХДТ, таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдатгароӣ, хештаншиносӣ, пешгирии гароиш ба равияҳои номатлуби иҷтимоӣ ва масоили дохилиҳибӣ сухан кард.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ