Hhdt | Shohmansur

ВОКУНИШ

ВОКУНИШ

Бо супориши роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 146-нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавасути парвози чартерӣ ба ватан баргардонида шуданд, ки қисми зиёди онҳоро кӯдакони ноболиғ ташкил медоданд.Ҷаноби Олӣ бори дигар собит намуд, ки барои миллат ва давлати худ тамоми кушишу ғайрати худашро ба харҷ медиҳад то ин, ки миллати сарбаланди Тоҷик эҳсоси бекасию бе ватани надошта бошанд. Аз ин рӯ падару модарон низ вазифадоранд, ки фарзандонашонро дар баробари таъминоти моддӣ аз таъминоти маънави низ бархурдор гардонанд, ва аз роҳҳои бад баргардонанд то ин, ки ба роҳи бад қадам нагузоранд ва ба доми фитнаангезон наафтанд.

Таърих гувоҳи он аст, ки миллати Тоҷик миллати фарҳанги буда дар ягом давру замон ба сари миллате даст набардоштааст, ва ба ҷуз аз ҳифзи марзу буми худ ба давлате ё миллате даст дарози накардааст аз ин рӯ мо шаҳрвандон ва волидонро мебояд, ки ба таърихи гузаштаи худ арҷ гузорем ва аз бузургони худ ибрат гирем, бузурге фармудааст

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад ,

На бадон чаш, ки бар он нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкори,

Киштие соз то бадон гузарӣ.

Волидони азиз аз шумо хоҳиш фарзандонро чуноне тарбият диҳед, ки ҳатто вахте дар хориҷи кишвар бошанд ҳам ба фикри ободию осудагии ватан ва миллти худ бошанд ва ба дассисаҳои бегонагон гӯш надиҳан.

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душмани орад ба мардум рӯзи сахт.

Хулас дӯст бошем ва ба қадри дӯсти бирасем, шукургузори сарзамини аҷдодии худ бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фарзандҳоро дар роҳи рост ба воя расонем ва барои ободии ватани маҳбуби худ якҷоя заҳмат кашем.

корманди ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур

Ҳусенов Далер


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ