Hhdt | Shohmansur

ОҚИБАТИ ТААССУБ ВА ЗУРОВАРӢ

ОҚИБАТИ ТААССУБ ВА ЗУРОВАРӢ

Дар ҳама ҳолат ҷангу хунрезӣ барои башарият хатаровар буда, ҷону молашонро аз онҳо мерабояд. Дар асоси тарҳу барномаҳои геостратегӣ ва геополитикии доираҳои сиёсӣ ва абарқудратҳои ҷаҳонӣ аз солҳои 2000 ин ҷониб давлатҳои мусулмоннишини Шарқи Наздик ва ё Ховари Миёна ба як ҷанги динӣ-идеологӣ гирифтор шуда буданд. Хусусан, таъсиси созмони экстремистиву террористии “Давлати исломии Ироқу Сурия (Шом) (ДИИШ)” яке аз лоиҳаҳои бузурги геополитикии душманони тамаддуни ислом мебошад. Ин созмони террористӣ баҳри “ҷиҳод” дар давлатҳои мусулмоннишин ташкил карда шуда, бо ҳаргуна роҳу воситаҳои ташвиқу тарғиби динӣ сафи худро аз ҷанговарон пур карда буданд. Мавриди зикр аст, ки ин созмони террористӣ дар ҳудудҳои ғанӣ аз нафту газ ташкил шуда, захираҳои табии мардуми Ироқу Сурияро ғорат карда, бо нархи арзон дар бозори сиёҳ ба ҳамон доираҳои сиёсӣ фурухта мешуд. Дар асоси маблағҳои ба даст оварда, бархе нафарони ифротии диниро дар ташвиқу тарғиби созмони худ сӯистифода карда, бештар тариқи дастгоҳҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои интернет шаҳрвандони “таассубгаро” ва “радикал” -ро мағзшӯи карданд. Баъзе шаҳрвандони давлатҳои мусулмоннишинро гумроҳу ғафлатзода карда, бо роҳи ваъдаву фиребҳои “биҳишт” ба заминҳои “ҷиҳодӣ” онҳоро “имкони ҳиҷрат” доданд.

Мувофиқи маълумотҳо дар ҳамон солҳои аввали таъсиси ин созмони террористӣ беш аз ҳазорҳо шаҳрвандони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Осиёи Ҷанубӣ, Африқо ва ғайра тариқи хатсайри таъсисдодаи “душманони дини ислом” ба сарзамини Ироқу Сурия интиқол дода шуда буданд. Хушбахтона ва ё “бадбахтона” гӯем, бо мусоидати давлатҳои муттаҳид ва таъминкунандаи сулҳу субот дар минтақаи Шарқи Наздик созмони террористии “ДИИШ” пурра шикаст дода шуда, аксарияти террористони он кушта шуданд ва боқимондааш ба маҳбасҳои давлатҳои Сурияву Ироқ интиқол дода шуданд. Ҳамчунин, мувофиқи таҳлилҳо баъзе ҷанговарони осиёимарказиасл тариқи ҳавопаймоҳои махсуси доираҳои манфиатхоҳ дар минтақа ба Афғонисттн интиқол дода шудаанд. Ва имрӯз мо шоҳидем, ки яке аз шохаҳои “ДИИШ-вилояти Хуросон” дар марзҳои шимолии Афғонистон фаъол гардида, аллакай чандин амалиётҳои террористии худро дар он минтақаҳо анҷом дода истодааст.

Лекин аз ҳама аламовар он аст, ки дар натиҷаи несту нобуд кардани созмони террористии “ДИИШ”, хусусан ҷанговарони мард, зану кӯдакони онҳо дар минтақаҳои давлатҳои Ироқу Сурия дар бадтарин ҳолат нигоҳ дошта шуда истодаанд. Бояд гуфт, ки дар сафи ҷангҷӯёни ДИИШ шаҳрвандони мо низ буданд. Имрӯз ки ин созмони террористӣ куллан шикасту нобуд карда шуд, баъзе аъзои оилаи ҷанговарони тоҷик боздошту ба лагерҳои нигоҳдошт интиқол дода шудаанд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки айни замон беш аз 60 ҳазор нафар шаҳрвандони давлатҳои мухталиф дар урдугоҳҳои Ал-Ҳавл ва Ар-Равҷи Сурия нигоҳ дошта мешаванд. Мувофиқи маълумотҳои ниҳодҳои давлатии мо дар ин урдугоҳҳо беш аз 550 нафар шаҳрвандони тоҷик қарор доштанд. Баҳри баргардонидани зану фарзандони ноболиғи тоҷик дар асоси дастури бевосита ва таҳти роҳбарии худи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз 230 нафари онҳо ба Ватан оварда шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки 25 июли соли равон дар асоси супориши қатъии Пешвои ғамхори миллати тоҷик 146 нафар шаҳрвандони дигари мо, ки 42 зан ва 104 кӯдак буданд, ба Ватани аҷдодии худ баргардонида шуданд. Ин гувоҳи аз он медиҳад, ки Сарвари миллат дар ҳама ҳолат пуштибону ғамхори дилхоҳ ҳамватани мо мебошанд. Бояд ёдоварӣ кард, ки падару модари ин кӯдакон зери таъсири ташвиқу таблиғи душманону бадхоҳон қарор гирифта, ба он минтақаҳо рафта буданд. Аз ин лиҳоз, аксарияти занони тоҷик ва наврасону ноболиғонро гумроҳу фиребхӯрда ҳисобидан мумкин аст. Ин аст, ки бо ҳидояту дастурҳои бевоситаи Пешвои миллат ҳамаи он нафароне, ки ба Ватан оварда шуданд, зери назорати ҷиддии давлат қарор гирифта, барои ба ҳаёти осоишта баргардонидани ин ҷабрдидаҳо мутахассисони динӣ ва равоншиносони қавӣ вазифадор карда шудаанд. Ҳамзамон, дар ояндаи наздик вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баҳри баргардонидани боқимонда ҳамватанони мо дар дигар урдугоҳҳои Сурияву Ироқ ҳама талошу кӯшишҳои худро анҷом хоҳанд дод.

Ширин Қурбонова,

муовини Раиси КИИ “Хирадмандон” – и ҲХДТ дар АМИТ


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ