Hhdt | Shohmansur

Ахлоқи башар

Ахлоқи башар

Асли ахлоқ аз ҳамзистии иҷтимоии инсонҳо маншаъ мегирад, ва ҳануз дар бомдоди рӯзгори башар вақте, ки ҳануз зиндагии инсоният дар ибтидо ба шакли тӯдаҳои ибтидоӣ сураъат мегирифт, ба вуҷуд омадааст. Ахлоқ иборат аст аз ҳамкории фард бо умум, ва ҳамчунин таовуну ҳамкории ҳар дастае бо даста ва иҷтимоии байни одамон. Тавре дар таъриф ишора шудааст, ахлоқ ҳамбаста бо зиндагӣ ва ҷомеаи инсонист, ки чи гуна бояд инсонҳо дар ҳамзистии иҷтимоӣ бо тавону ҳамкорӣ мушкилоти зиндагонии хешро саҳлу осонтар созанд. Зиндагиву иҷтимоиёт шаклҳои хушкшуда нестанд, ки тули ҳазорсолаҳо бе таъғийр боқи монанд. Чун асли асоси инсон аст,зиндагии инсон ҳамеша дар ҳолати тағйиру таҳовулот аст ва табиист, ки ахлоқи одами ба мисли худи ӯ дар ҳолати таҳовулот қарор мегирад.Дар таъриху тамаддуни мардуми шарқ дар маҷмуъ ҷавҳари таълимоту таълифоти уламо ва шуарову муттаффакирон андешаҳо ва ақидаҳои ахлоқи ташкил медиҳад, зеро ҳадафи ниҳоии ҳар яки онҳо инсон ва ҷову мақоми он дар низоми офариниш аст.

Мафҳуми илмии ахлоқ дар адабиёти фалсафии аврупои бо истилоҳи “этика” ифода меёбад.Аксари муҳақиқон ба мисли Дробницкий О. Гусейнов А. Ва дигарон Арастуро асогузори ин илм мепиндоранд ва ҳато таъкид мекунанд, ки маҳз Арасту ба ин илм номи “этика”-ро гузоштааст. Онҳо бе восита ба этимологияи истилои этика машғул шуда, сарчашмаи пайдоиши онро дар забонҳои қадимаи лотини, хитойи, ҳиндуӣ, мисрӣ, юнонӣ, итолиёвӣ, ва русӣ аз назар гузаронидаанд.Дар аввал бо кадом маъною шаклҳо омадану, дар охир чи шакл гирифтани ин истилоҳро низ хело муффасал баён кардаанд, лекин мутасифона дар кадом шакл ва мазмун омадани онро дар заминаи тамаддуни ҳазорсолаи мардуми форсу тоҷик ва умуман дар тамадунҳои орёӣ ва исломӣ сарфи назар кардаанд. Агар мо ба маънои луғавию истилоҳии мафҳумҳои “этика” ва “ахлоқ” назар намоем мебинем, ки этика аз калимаи қадимаи юнонии “этос” гирифта шуда , дар ибтидо ҷойи оддии зиндагиро фаҳмонида, баъдан ба худ маънои расму таомул , одат, характер, хусусият, тарзи тафаккур ва амсоли онро мегирад. Истилоҳи “ахлоқ” бошад калимаи араби буда, аз феъли замони гузаштаи ҷинси мардонаи шумораи танҳо яъне “халақа” гирифташудааст ва маънои луғавии он чизеро эҷод кардан, офаридан, ба вуҷуд овардан, сохтан, таёр карда, ва ғайра мебошад.Ба ҳамин тариқ ахлоқ дониши амалӣ буда, дар он назарияҳо ва ақидаҳо амалӣ гашта барои идораи кирдор, рафтор ва гуфтори инсон матраҳ мегардад.

Хабар дорӣ, ки сайёҳони афлок

Чаро гардиданд гирди тӯдаи хок.

Сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Шоҳмансу

Ҳусейнов Далер.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ