Hhdt | Shohmansur

КОРИ НАҶИБ ВА ХАЙРХОҲОНА

КОРИ НАҶИБ ВА ХАЙРХОҲОНА

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 1992 дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буданд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Дар замоне, ки як қисми шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзандон гум мезад, ӯ худро нороҳат ҳис мекард. Ӯ ҳамчун Роҳбари давлат то расидан ба рӯзи ваҳдати миллӣ оромиро эҳсос намекард, рӯҳаш барои зиндагии нотинҷи кишвар, сӯхтану бетартибиҳои яроқбадастон азият мекашиду қалбаш ба аҳволи мардуми фирорӣ месӯхт. Дар чунин як ҳолати тоқатфарсо пайваста ба мардуми фирорӣ мегуфт: «Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем бо ҳам мехӯрем».

Ҳамин самимият ва муҳаббат буд, ки як миллион гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ ба ҷойи зисти аввалаашон баргардонда шуда, 36 ҳазор хонаи пурра ва ё қисман харобгашта дар як муддати кӯтоҳ барқарор карда шуданд.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, ба ҷаҳониён нишон дод, ки миллати бофарҳанг, ватандӯст, сулҳхоҳ ва сулҳпарвари тоҷик дар он давраи хеле сахт ва мудҳиш таҳти роҳбарии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якпорча шуд, роҳи музокироти сулҳро пеш гирифт, аз ақлу фарҳанги азалии хеш истифода намуд, аз роҳи ба тариқи зӯрӣ ҳал кардани мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ даст кашида, сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро ба хотири таъмини сулҳи сартосарӣ самимона дастгирӣ намуд.

Шоми рӯзи 25 июли соли равон ба воситаи ҳавопаймо 146 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар кишвари Сурия дар шароити вазнин ва ғайрисанитарӣ иқомат доштанд ба ватан баргардонида шуданд, ки ин ҳам давоми барномаи Роҳбари давлат дар сиёсати хирадмандонаашон оид ба баргардонидани халқи тоҷик аз хориҷи кишвар мебошад. Ҳадафи асосии ин иқдомҳои Президенти кишвар раҳо кардани 104 нафар кӯдакон ва 42 нафар занони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад. Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳо барои нигоҳубин ва бозгашти онҳо ба ҳаёти осоишта амалӣ карда мешаванд ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати пурра баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик ба Ватан аз Сурия ва дигар кишварҳо дар ояндаи наздик саъю талош менамояд.

Дар амалӣ намудани ин кори хайр хизматҳои анҷомдодаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода низ назаррас арзёбӣ карда мешавад ва мавсуф дар нишасти хабарии бахшида ба супурдани ин занону кӯдакон иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба Ватан баргардондани шаҳрвандонаш ҳамеша талош хоҳад дошт.

Бояд хотиррасон намуд, ки муовини раиси Департаменти равобити хориҷии роҳбарияти мухтори шимол ва шимолу шарқи Сурия Фанар Кейт дар суханронияш иброз намудааст, ки 42 зан ва 104 кӯдакро, ки дар урдугоҳҳои Ал Ҳавл ва Рож қарор доштанд ва ба ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудаанд, инҳо заноне буданд, ки ягон ҷиноят содир накардаанд ва дар амалҳои террористи дар шимолу шарқи Сурия даст надоштанд.

Ҳамзамон бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки бо ибтикору талошҳои Вазорати корҳои хориҷӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боқимонда занону кӯдаконе, ки дар урдугоҳҳои ин кишвар нигоҳдорӣ карда мешаванд ва ягон амалҳои характери экстремисти ва террористи нишон надодаанд ҳамагӣ ба Ватан баргардонида мешаванд.

Орифов Абдулло

Аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ