Hhdt | Shohmansur

БОЗГАРДОНИДАНИ 146-ТОҶИК АЗ СУРИЯ БА ВАТАН

БОЗГАРДОНИДАНИ 146-ТОҶИК АЗ СУРИЯ БА ВАТАН

Дар асоси тарҳу барномаҳои геостратегӣ ва геополитикии доираҳои сиёсӣ ва абарқудратҳои ҷаҳонӣ аз солҳои 2000 ин ҷониб давлатҳои мусулмоннишини Шарқи Наздик ва ё Ховари Миёна ба як ҷанги динӣ-идеологӣ гирифтор шуда буданд. Хусусан, таъсиси созмони экстремистиву террористии “Давлати исломии Ироқу Сурия (ДИИШ)” яке аз лоиҳаҳои бузурги геополитикии душманони тамаддуни ислом мебошад. Ин созмони террористӣ баҳри “ҷиҳод” дар давлатҳои мусулмоннишин ташкил карда шуда, бо ҳаргуна роҳу воситаҳои ташвиқу тарғиби динӣ сафи худро аз ҷанговарон пур карда буданд.

Мавриди зикр аст, ки ин созмони террористӣ дар ҳудудҳои ғанӣ аз нафту газ ташкил шуда, захираҳои табии мардуми Ироқу Сурияро ғорат карда, бо нархи арзон дар бозори сиёҳ ба ҳамон доираҳои сиёсӣ фурухта мешуд. Дар асоси маблағҳои ба даст оварда, бархе нафарони ифротии диниро дар ташвиқу тарғиби созмони худ сӯистифода карда, бештар тариқи дастгоҳҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои интернет шаҳрвандони “таассубгаро” ва “радикал” -ро мағзшӯи карданд. Баъзе шаҳрвандони давлатҳои мусулмоннишинро гумроҳу ғафлатзада карда, бо роҳи ваъдаву фиребҳои “биҳишт” ба заминҳои “ҷиҳодӣ” онҳоро “имкони ҳиҷрат” доданд.

Аз ҷумла бархе аз шаҳрвандони ноогҳи тоҷикистон низ бо умеди ваъдаи пули муфд ҳамсару фарзандони худро гирифта ба Сурия рафтанд,ва дар онҷо нобуд шуданд.Зану фарзандҳояшон бошад дар онҷо дар ғарибӣ ҳамчун асиру бекас монданд ва роҳи бозгашт ба ватанро надоштанд. Аз ин рӯ Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтанд, ки шаҳрвандони тоҷике, ки дар давлати Сурия ҳамчу бекас боқимондабуданд боз гардонанд.

Шоми рӯзи 25 июли соли равон ба воситаи ҳавопаймо 146 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар кишвари Сурия дар шароити вазнин ва ғайрисанитарӣ иқомат доштанд ба ватан баргардонида шуданд, ки ин ҳам давоми барномаи Роҳбари давлат дар сиёсати хирадмандонаашон оид ба баргардонидани халқи тоҷик аз хориҷи кишвар мебошад. Ҳадафи асосии ин иқдомҳои Президенти кишвар раҳо кардани 104 нафар кӯдакон ва 42 нафар занони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад. Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳо барои нигоҳубин ва бозгашти онҳо ба ҳаёти осоишта амалӣ карда мешаванд ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати пурра баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик ба Ватан аз Сурия ва дигар кишварҳо дар ояндаи наздик саъю талош менамояд.

Кабилова Марҷона

Сармутахассиси шуъбаи умумии

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ