Hhdt | Shohmansur

Забон

Забон

Забон воситаи муҳимтарини муносибати байни одамон аст, аз ин рӯ, бе забон ҷамъият вуҷуд надорад, зеро яке аз омилҳои пайдоиши инсон забон мебошад. Забон дар тамоми фаъолияти гуногунсоҳаи одамон ҳамчун воситаи муошират, ҳамчун воситаи ифодакунандаи фикр, ҳиссиёт ва ирода хизмати босазо ва арзандаеро адо мекунад. Забон чун воситаи муносибат ба тамоми давраҳои ҷамъияти инсон таалуқ дорад. Ба ҷамъият, ба халқ хизмат кардан ҷиати асосии забон аст ва ин забонро бо дигар ҳодисаҳои ҷамъиятӣ алоқаманд мекунад. Муносибати забон ва тафаккур яке аз масъалаҳои хеле муҳим аст.Бояд қайд кард, ки шуур ва тафаккур бо ҳам алоқаи зич дошта, дар ягонагии диалектикӣ вуҷуд дошта бошанд ҳам, як чиз нестанд.Забон ҷиҳати материалӣ ва амалии шуур ва ё тафаккур аст. Вазифаҳои забон ба он далолат мекунанд, ки забон ҳодисаи ҷъиятист. Маълум аст, ки ба гуфтугӯйи ҳама ҳам хурду калон, пиру ҷавон, дорою камбағал ва ҳам зану мард эҳтиёҷ доранд. Бинобар ин, танҳо тавассути забон инсоният фикру андешаи худро баён мекнад. Чи тавре, ки ба мо аз даврони мактаб қоидаи забонро омӯзонидаанд: “ забон воситаи муҳимтарини алоқаи байни мардумон аст “. Танҳо забоне воситаи баёни афкори омма аст. Вақте ки сухан дар бораи забони инсон меравад, умуман забон ва баробари он забонҳои ҷудогонае, ки забони умумӣ ба воситаи онҳо ифода меёбад, ба назар мерасад. Ҳар як забони дунё дар протсесси тараққиёти ҷамъият ба тағйиротҳо дучор мешавад. Ҳар як забон бояд ба тамоми соҳибонаш умумӣ ва барои он ҷамъият ягона бошад. Забон ба инсон хос аст. Воситаи алоқае, ки хусусияти умумӣ дошта, ба шароит ва ё ҳодисаи конкрети вобастагӣ надорад, забон номида мешавад. Забон чун ифодакунандаи фикр на танҳо шарти мавҷудият ва тараққиёти маданият, балки воситаи ифодаи тамоми илмҳо низ мебошад. Забон ва тафаккур маҳсули фаъолияти системаи асаб мебошад. Вазифаи асосии забон алоқаи байни одамон ва ифодаи фикр мебошад. Забонҳо баробари тараққиёти халқ инкишоф меёбанд ва ба тағйиротҳо дучор мешаванд. Љамъият чи ќадаре, ки пеш равад, њамон ќадар дар забон низ гуногунї пайдо мешавад.

Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ

ва кор бо кадрҳо

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Содиқов У.А.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ