Hhdt | Shohmansur

Шинохти таърих - василаи муҳимми худшиносӣ

Шинохти таърих - василаи муҳимми худшиносӣ

Назари чанд оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат»

Даврони рӯзгори башарият бо назардошти монаву мушкилот ва нобудсозиҳои сунъӣ ҳамон қавму қабоил ва арзишҳои миллатеро моли таърих месозад, ки масири ҳастӣ, меъёри давлатдориву давлатсозӣ, фарҳангу маънавиёт ва гузаштаҳои ниёгонашро ба таври ҳамешагӣ пойдору ҷовидон нигоҳ бидорад.

Бо назардошти мураккаб гардидани авзои ҷаҳони муосир ва ру ба камшавӣ ниҳодани захираҳои табии, ин равиш давоми як садсолаи охир характеру тамоюли навро касб кард. Вазъи мавҷудаи олам имрӯзҳо чун оина маълумамон месозад, ки кишварҳои абарқудрат қисме аз қавму миллат ва давлатҳои заъфи тафаккуру камтавонро бо шаклу усулҳои гуногун ру ба нестӣ мебаранд.

Агар далелҳои муътамади ифтихории миллати тоҷик корномаи чанде аз фарзонафарзандонашро дар ин масир рӯнамоии хоса намояд, пас месазад, ки дар эҷоду бунёди давлатдории навини тоҷикон, бо касби истиқлоли давлатӣ, хидматҳои бедареғи абармарди роҳи сиёсат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро боиси васфу сутудании махсус донему аз гузаштаи пурифтихори таърихи давлатсозии навинамон бо қаноатмандии устувор шукргузор бошем.

Дар ин замина, истиқбол аз таҷлили 1100-умин солгарди давлатдории Сомониён, соли тамаддуни Ориёӣ, бузургдошти Имоми Аъзам ва гиромидошти шахсиятҳои нодиру эълони солҳои гуногуни бахшҳои муҳими ҷомеа, аз шумули тарҳу нақшаҳои заковатмандонае мебошанд, ки дар пешрафту тавсеасозии худогоҳии мардум ва таҳкиму тафаккури миллӣ заминаҳои мусоиду устувор гузоштанд.

Ҳамчунин, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чоп ва ҳадя намудани ҳар як оилаи кишвар, шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” инчунин, эълони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» аз силсилаи иқдомҳои хирадмандонаи дигаре мебошад, ки ин раванд метавонад баҳри боз ҳам маърифатноктар гардонидани мардум ва омӯзиши таърихи пурифтихори халқамон нақши муассиру густардатар гузорад.

Албатта ба иҷро расонидани чунин иқдомҳои муҳими саривақтӣ, пеш аз ҳама шахсиятҳои қобили гуногуни диёрамонро соҳиби маблағу шаъну эътибор гардонад, аз сӯи дигар дар шароити пурхавфу пурхатари ҷаҳони муосир ҳар яки моро водор ба он месозад, ки баҳри пойдории ваҳдату сарҷамъии миллат талоши доимӣ намуда,барои омӯзишу амалинамоии мактаби ибратомӯзи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиши ҳамешагӣ намоем.

Каримзода Ҳақназар Изатулло

Узви фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур

муовини директори Академияи ВАО-и Тоҷикистон


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ