Hhdt | Shohmansur

Ваҳдати миллӣ – дастоварди бузурги халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ

Ваҳдати миллӣ – дастоварди бузурги халқи тоҷик дар даврони

соҳибистиқлолӣ

Дар сарнавишти мардуми тамадунсози Тоҷик, 27-уми июни соли 1997 ҳамчун рӯзи таърихи, ба ҳам ойи ва ба ҳам омадани ақидаҳои солиму созанда ва ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ, ҳамчун ҳуҷҷати такдирсоз тавонистаем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем. Мархалаи навини Точикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба Вахдати милли хамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Точикистон шароит фарохам овард, ки бо истифодаи арзишхои аз чониби чомеаи чахони эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрванди гузошта шавад ва барои андаке бошад ҳам бехтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободи ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқи тоҷик мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу худогоҳ, худшиносу ватандӯст, аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи тоҷикистон, ҳифз намоянд онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос доранд. Мардуми сарбаланди Тоҷикро мебояд бо ин дастоварди бузурги Миллӣ бифахранд ва барои пойдор нигоҳ доштани ин дастовард талош биварзанд, мо худ шоҳиди он ҳастем, ки дар ҳамсоя давлати мо Авғонистон чиқадар нооромиҳо сарзадаистодааст ва ягом қудрате наметавонад сари роҳи ин нобасомониҳоро гирифта мардуми Авғонро ба ҳам оварада давлати авғонро тинҷу-ором созад. Аз ин лиҳоз мардуми сарбаланди тоҷикро месазад ба ин ваҳдати миллӣ арҷ гузошта, нагзоранд то душманони миллат бо ҳадафҳои нопоки худ ба ваҳдати миллии тоҷикон хатар ворид намоянд.

Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвару миллати моро ҷавонони созанда бо дастовардҳои назаррас дар байни дигар мамлакатҳои ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Мо - ҷавонони накӯкору созандаи ин миллат, ба истиқлолият ва ваҳдати миллии давлату миллати хеш ифтихор мекунем ва шукрона менамоем, ки мардуми соҳибватану соҳибистиқлолем. Бисту панҷ сол аст, ки мардуми тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии таърихиро ҳамчун иди умумихалқӣ, рӯзи ваҳдату-ягонагӣ созандагиву-бунёдкорӣ ботантана ҷашн мегиранд.

Ваҳдати миллӣ, ба мардуми сарбаланди тоҷик ҳамдилӣ, созандагӣ, худшиносии миллӣ, ғурури миллӣ, дастовардҳои бузурги варзишиву-фарҳнгӣ ва аз ҳама муҳим сарҷаъмии миллатӣ тоҷикро ато намуд. Ман аз тамоми тоҷикони дунё хоҳони онам, ки якдилу як тан бошанд ва аз ин ваҳдати миллӣ бо тамоми ҳасти ҳимоя намоянд нагзоранд касе бар он халал ворид намояд.

Сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур

Ҳусенов Далер


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ