Hhdt | Shohmansur

18-АВГУСТ РӮЗИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

18-АВГУСТ РӮЗИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Шурӯъ аз соли 1994 ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 18 август зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими форсу тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, иди касбӣ, “Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад.

Дар сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста ба камбизоатӣ нигаронида шудааст, беҳтаргардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаи рӯ ба беҳбуд буда, дар ин самт корҳои зиёде аз ҷониби ҳукмат ва давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Ин соҳа тарбия ва парвариши мутахассисони хубу варзидаро аз ҳисоби ҷавонон тақозо мекунад, то солимии оммаро, ки бойигарии давлат аст, ҳифзу нигаҳдорӣ карда тавонанд. Хушбахтона, имрӯз сафи мутахассисони ҷавон зиёд гардида, содиқона хизмати мардум ва талоши расидан ба комёбиҳоро дар ин ҷодаи пурифтихор доранд.

Олимон исбот намудаанд, ки дар шахсони дорои одатҳои номатлуб (майзада) бемориҳои дил ва рагҳои хунгард якчанд маротиба зиёд ба қайд гирифта шудааст. Хусусан, дар шахсони майнӯш, сигоркаш ва нашъаманд.

Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса дошта, дар паём ва суханрониҳояшон аз нақшу мақоми ҷавонон ёдовар мешаванд. Аз ҷумла, зимни ироаи паёми имсолаи худ қайд намуданд, ки «Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад». Ин баҳои баланд ва эътимоди қавии Пешвои миллат, мо – ҷавонони зодаи истиқлолро рӯҳбаланд намуда водор месозад, ки ҳамчун қишри созанда ва ояндаи давлату миллат бо кӯшиши дучанд дар роҳи ободии давлат ва пешрафти Ватани маҳбубамон саҳм гузорем.

Банда бар он назар аст,ки Вазорати тандурустии кишвар дар якҷояги бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва варзишгарони кишвар ҳамкори намуда, то тавонанд дар якҷояги мардуми шарифу азизамонро ҷисман ва руҳан солим нигоҳ дошта тавонанд.

ИДИ КАСБИ МУБОРАК БА КУЛЛӢ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Корманди ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур

Ҳусейнов Далер


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ