Hhdt | Shohmansur

18 август - Рӯзи кормандони соҳаи тиб

18 август - Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Нобиғае, ки ҷаҳониён эътирофаш кардаанд

Осори Ибни Синоро дар Осиё ва Аврупо беҳтарин роҳнамои пизишкон донистаанд. Дар донишномаҳои русии («Азбуковники») асри XVII Ибни Сино дар баробари Ҷолинус, Плиний, Алберти Бузург мавриди истинод қарор дошт. Садҳо сол пизишкони тамоми дунё аз рӯйӣ «Ал-Қонун фи-т-тиб» илми тибро меомӯхтанд, аз он ҳамчун сарчашмаи бепоёни дониш истифода мебурданд. «Ман тасдиқ мекунам: тиб илмест оид ба донистани тани инсон дар вазъи саломатӣ ё беморӣ ва ба инсон баргардонидани саломатӣ, ки рӯ ба заъф овардааст, - навиштааст Ибни Сино. - Вақто ки мегӯянд тиб иборат аст аз назария ва амалия, гумон набояд кард, бахше аз тиб дироят асту бахше амал (ки баъзе муҳаққиқони ин масъала чунин мепиндоранд). Баръакс, бидон, ки маънои ин дигар аст, яъне ҳар ду бахши тиб илм аст, яке илми асосҳои тиб, дигаре илми тарзи табобат...». Бо ин гуфтаҳои худ Ибни Сино ҳамбастагии назария ва амалияи тибро таъкид кардааст, ки хеле дақиқона ва мӯшикофона мебошад.

Мувофиқи Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми апрели соли 1994 зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино – 18 август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб қайд карда мешавад.

Абӯалӣ Ҳусейн ибн Абдуллоҳ ибн - Ҳасан ибн Алӣ - Сино тӯли 57 соли ҳаёт 450 асари илмӣ эҷод кардааст. Китоби машҳуртарини худ «Ал-қонун-фи-т-тиб»-ро дар асоси пажӯҳиши 20-сола навиштааст. Дар аксар давлатҳо то ҳол духтурон маризонро аз рӯи навиштаҳои Абӯалӣ ибни Сино табобат мекунанд. Ғайр аз ин, китобҳои 12-ҷилдаи фалсафавии «Китоб-ул-инсоф», 18-ҷилдаи «Китоб-уш-шифо» ва ғайра маҳсули эҷоди Абӯалӣ ибни Сино маҳсуб мешаванд.

Дар Аврупо ӯро «Шоҳи табибону файласуфон» меноманду дар Шарқ «Шайхурраис» ва фахрии «Ҳуҷҷат-ул-ҳақ».

Пешниҳодоти ӯро ҳамчун психотерапевт, яъне ба воситаи мусиқӣ муолиҷа намудани беморонро дар тамоми дунё табибон истифода мебаранд.

Ӯ аввалин табибе мебошад, ки аломатҳои хос, муоинаи касалиҳои диабети қандро ёфта, табобати онро пешниҳод кардааст. Саҳми ӯ дар ташхис ва муолиҷаи бемориҳои сирояткунанда низ хеле калон аст. Илова бар ин, Ибни Синоро яке аз бунёдгузорони педиатрия низ меноманд.

Дар соҳаи дорушиносӣ ва дорусозӣ номбурда кашфиёти зиёд карда, аз 5 китоби «Ал-қонун» ду тоаш ба соҳаи дорушиносӣ бахшида шудааст. Хурсандиовар аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон номи Абӯалӣ ибни Синоро гирифта, дар он ҳар сол гузаронидани конференсияҳои илмӣ ва синохонӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Ёдовар шуд, ки солҳост, ки дар кишвар мукофоти давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника таъсис ёфта, ба нафарони фарҳехта супорида мешавад. Илова бар ин, дар номинали 20-сомонаи пули миллии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои соҳибистиқлолии давлат аст, акси Абӯалӣ ибни Сино инъикос шудааст.

Фурсатро муносиб дониста, ҳамаи кормандони тиббӣ, ҳамшираҳои шафқат, ки мудом аз пайи муолиҷаву табобати беморон қарор доранд, ба иди касбӣ табрику муборакбод менамоям.

Иди касбӣ муборак, табибони азиз!

Мудири шуъбаи кор бо занониКИ ҲХДТ

дар ноҳияи Шоҳмансур

Турсунова М.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ