Hhdt | Shohmansur

ТАБИБОН-ҲАМДАМИ БЕМОРОНАНД

ТАБИБОН-ҲАМДАМИ БЕМОРОНАНД

Дар доираи амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур нимаи аввали 18-августи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии “Дармонгоҳи марказӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни касбӣ-“Рӯзи кормандони соҳаи тиб” вохури баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Каримзода Нилуфар-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Ҳомидзода Ҳомидҷон-Раиси ташкилоти ибтидоии “Дармонгоҳи марказӣ” ва аъзоёни фаъоли ташкилот иштирок намуданд.

Ҳомидзода Ҳомидҷон дар сухани ифтитоҳӣ меҳмононро ба ҳозирин муарифи намуда, аз ташрифашон изҳори минатдори намуд.

Каримзода Нилуфар нахуст кормандони соҳаи тандурустиро ба муносибати иди касбиашон табрик намуда афзуд, ки соҳаи тандурусти яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии мамлакат ва Барномаи пешазинтихобии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ба шумор рафта, дар давраи соҳибистиқлоли бо маром рушд намуда то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Каримзода Нилуфар афзуд, ки тайи 30-соли Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушд намудани соҳаи тиб дар кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти муосир ва самарабахши кормандони соҳаи тиб дар кишвар, нерӯи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ таҳким бахшида шудааст.

Боиси ифтихор аст, ки миллати Тоҷик миллати фарҳанги буда ворисони нобиғае мебошанд, ки ҷаҳониён уро ҳамчун асосгузори соҳаи тиб дар ҷаҳон эътироф кардаанд.

мувофиқи Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми апрели соли 1994 зодрӯзи Файласуф,Асосгузори соҳаи тиб ва Олими барҷастаи Форсу Тоҷик Абӯалӣ ибни Сино-18 август ҳамчун рӯзӣ кормандони соҳаи тиб қайд карда мешавад.

Қобил ба зикр аст, ки аксари табибон ва ҳамширагон дар муассисаҳои тиббии кишвар аз паҳншавии бо суръати пандемия на ҳаросида, онро ҳамчун дигар бемориҳои сирояти қабул карда аз рӯзи аввал барзиди ин бемори муборизабурданро шуруъ намуданд.

Сипас Раиси ташкилоти ибтидоии “Дармонгоҳи марказӣ” Ҳомидзода Ҳомидҷон зимни суханрони аз дасгирии пайвастаи пешвои миллат Раиси муазами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки соҳаи тандурусти тулли 30-соли соҳибистиқлоли рушд намуда дастраси ба сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад.

Дар идома Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар табрикномаи Раёсати Кумитаи иҷроияро бахшида ба “Рӯзи кормандони соҳаи тиб”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд.

Дар интиҳои чорабини як қатор кормандони фаъоли ташкилот барои хизматҳои арзандаашон дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон бо ифтихорномаву сипоснома қадрдони карда шуданд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ