Hhdt | Shohmansur

БАХШИДА БА РӮЗИ ИДИ КАСБИИ ТАБИБОН

БАХШИДА БА РӮЗИ ИДИ КАСБИИ ТАБИБОН

Дар доираи амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамбастаги бо ташкилоти ибтидоии “Шифобахш”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми 18-августи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидои бахшида ба ҷашни касбӣ-“Рӯзи кормандони соҳаи тиб” вохурии идона баргузор гардид.

Дар вохурӣ иштирок доштанд муовини Раисӣ КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Муродов Ҷурабек, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар ва Раиси ташкилоти ибтидоии “Шифобахш” Сайдализода Музаффар.

Сараввал Каримзода Нилуфар Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур нахуст кормандони соҳаи тандурустиро ба муносибати иди касбиашон табрик намуда афзуд, ки соҳаи тандурусти яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии мамлакат ва Барномаи пешазинтихобии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ба шумор рафта, дар давраи соҳибистиқлоли бо маром рушд намуда то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Каримзода Нилуфар афзуд, ки тайи 30-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати руш намудани соҳаи тиб дар кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти муосир ва самарабахши кормандони соҳаи тиб дар кишвар, нерӯи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ таҳким бахшида шудааст.

Па аз он муовини Раисӣ КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Муродов Ҷурабек афзуданд Боиси ифтихор аст, ки миллати Тоҷик миллати фарҳанги буда ворисони нобиғае мебошанд, ки ҷаҳониён уро ҳамчун асосгузори соҳаи тиб дар олам эътироф кардаанд.

мувофиқи Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми апрели соли 1994 зодрӯзи Файласуф,Асосгузори соҳаи тиб ва Олими барҷастаи Форсу Тоҷик Абӯалӣ ибни Сино-18 август ҳамчун рӯзӣ кормандони соҳаи тиб қайд карда мешавад.

Қобил ба зикр аст, ки аксари табибон ва ҳамширагон дар муассисаҳои тиббии кишвар аз паҳншавии бо суръати пандемия на ҳаросида, онро ҳамчун дигар бемориҳои сирояти қабул карда аз рӯзи аввал барзиди ин бемори муборизабурданро шуруъ намуда ва билохир ба мақсад расиданд.

Дар интиҳои чорабини як қатор кормандони фаъоли ташкилот барои хизматҳои арзандаашон дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон бо ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотирави қадрдони карда шуданд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ