Hhdt | Shohmansur

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНАИ КОРМАНДОНИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНАИ КОРМАНДОНИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

20-уми август кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур мутобиқи мактуби Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, аз 11-уми августи соли 2022, №444 ва барқияи телефонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз 9-уми августи соли 2022 №21/2-309 ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, хуррамгардонии пойтах ва сазовор таҷлил намудани Ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби колективи кормандони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур шанбеги доир намуданд.

Дар шанбегӣ масъулини ҳизбӣ атрофи майдончаи варзиши ва гулгашти 46-ум микрарайёни ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо дар якҷояги бо истиқоматкунандагони биноҳои атроф аз ҳар гуна ифлосиҳо тоза намуда, ба ин васила саҳми худро дар сарсабзу хуррамгардониӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити гирду атроф ва тоза намудани назди биноҳои атрофи майдонча гузоштанд.

Ёдовар мешавем,ки чунин шанбегиҳо ҳар ҳафта аз ҷониби масъулини шаҳрию ноҳиявии ҳизб ва Кумитаву ташкилотҳои ибтидои роҳандозӣ карда мешавад.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ