Hhdt | Shohmansur

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО АЗ ҲХДТ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО АЗ ҲХДТ БО

ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Мутобиқи Қарори Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 14 июли соли 2022 дар ҳавзаҳои интихоботии №11 ва №20 тибқи қарори Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур №17 аз 15-уми июли соли 2022 дар ҳавзаҳои интихоботии №11 ва №20 интихоботи миёнадварӣ баргузор мегардад.

Бо дарназардошти маъракаи сиёсӣ-интихоботии миёнадаврии вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур бо қарори Конференсияи ташкилотҳои ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур номзадҳо аз ҲХДТ тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур пешбарӣ карда шуданд.

Дар вохӯрӣ Иброҳим Мирзозода Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Нилуфар Каримзода Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Раҳимзода Олим Шарифӣ номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №11, аз ноҳияи Шоҳмансур, Муқимов Салим Салимович номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур аз ҳавзаи интихоботии №20, аз ноҳияи Шоҳмансур, ҳамзамон шахсони боэътимоди номзадҳо иштирок доштанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки номзадҳо аз тарафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ гардидаанд ва барномаи пешазинтихоботии онҳо низ дар асоси Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ таҳия гардидааст.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ин ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!», аз ҷумла рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат – истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ, ки ниҳояти он расидан ба зиндагии шоиста мебошад, раҳнамоӣ мекунад.

 

 

 

 

 


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ