Hhdt | Shohmansur

ДАРСИ СУЛҲ БО САРУ ЛИБОСИ НАВ!

ДАРСИ СУЛҲ БО САРУ ЛИБОСИ НАВ!

Дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ва сиёсати инсонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ дар арафаи соли нави таҳсили 2022-2023 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба аёдати тарбиятгирандагони ташкилоти ибтидоии “Роҳнамо”-и Литсейи махсуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рафта, ба онҳо кӯмакҳои модӣ расониданд.

Ба ҳамаи тарбиятгирандагон сару либоси мактабӣ, лавозимоти хониш ва шиору овезаҳо, расмҳои девории Президенти кишвар бо фарогирии ҳама самтҳои барномаи ҲХДТ тақдим карда шуд. Зимнан Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ва Нилуфар Каримзода Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур зикр дошт, ки давлату Ҳукумати кишвар ҳамеша ғамхори ин қишри ҷомеа буда, мунтазам ба онҳо ва насли ҷавон дар арафаи ҷашнҳои миллию расмӣ кӯмакҳои иҷтимоӣ мерасонад. ҲХДТ дар ин росто дар доираи барномаи иҷтимоии хеш ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир намуда, мунтазам кӯмакҳои модию маънавӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва соатҳои сиёсиро дар ташкилоти ибтидоии “Роҳнамо” бо иштироки масъулин ва фаъолони ҳизбӣ баргузор менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки чунин корҳои хайриявӣ ва эҳсонкорӣ бо ҷалбӣ фаъолони ҲХДТ идома бахшида мешавад.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ