Hhdt | Shohmansur

Ба истиқболи Рӯзи Дониш ГИРОМИДОШТИ ДОНИШ ДАР ГУЗАШТА ВА ИМРӮЗ

Ба истиқболи Рӯзи Дониш

ГИРОМИДОШТИ ДОНИШ ДАР ГУЗАШТА ВА ИМРӮЗ

Ниёгони мо ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои пеш аз солшумории масеҳӣ ба ҷамъоварии донишу маърифати инсонӣ машғул гардида, нисбат ба афроди донишпажӯ илтифот доштанд. Ин ҳарфро сангнабиштаҳо, бозёфтҳои бостоншиносон ва сарчашмаҳои хаттии бар мо меросмонда шаҳодат медиҳанд. Шоҳони каёнӣ ва силсилаи ҳахоманишӣ дар дарбор инсонҳои донишмандро ҷамъ оварда, онҳоро талқин менамуданд, ки таърихҳову фарҳангҳо нависанд, чунки ҳама гуна андеша тавассути хат ба ёдгор мемонад. Онҳо буданд, ки Зардуштро гиромӣ доштанд ва бо ӯ мусоидат карданд то китоби “Авасто” – ро нависад. Дар Авасто бошад, гиромитарини гиромидоштҳо донишу донишпажӯ ба қалам омадаанд. Яъне, пос доштани инсонҳо ба хотири донишу лаёқат ва дигар сифатҳо дар миёни аҷдодони мо расм будааст. Гузашта аз ин, онҳо дар давраи асримиёнагӣ низ аз пажӯҳишу таҳқиқ ва донишандӯзӣ сарпечӣ нанамудаанд. Айни замон, дар давраи муосир низ тоҷикон ба омӯзиши илму фан рағбат доранд, гӯё онҳо бидуни донишандӯзӣ ва донишпажӯҳӣ зистан намехоҳанд. Ҳакимону шоирон ва табибону дарбориён новобаста аз замони зисташон дар пӯшишҳои назмиву насрӣ донишу донишандӯзиро таблиғ намуда, дар нигоштаҳои худ маърифатро меъёре донистаанд, ки агар ин меъёр дар инсон набошад, пас ӯ ба гову хар ва дигар сутур баробар аст. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ашъори безаволи худ донишро “Ҷавшани ҷону тан” пиндошта, дар гиромидошти хирад марсияҳо навиштааст ва ба суоли “Чаро донишпажӯҳӣ гиромӣ гардид?”, чунин посухи мушаххас додааст:

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд:

“Дониш андар дил ҷароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад, бар тани ту ҷавшан аст””.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тусӣ, ки мусаннифи “Шоҳнома” асту имрӯз тамоми дунё ин шоҳкориро мутолиа мекунад, дар васфи донишу донишпажӯ ҳикматҳо гуфта, ба як хулосаи дақиқ омадааст, ки дониш дили марди солхӯрдаро ҷавон мегардонад:

Тавоно бувад, ҳарки доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Яке аз чеҳраҳои басе нотакрор дар таърихи фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ пизишктоҷике бо номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ки бинобар талаботи замонаш бо ду забон асарҳо нигоштааст ва имрӯз илми ҷаҳонӣ дар пояи таҳлилҳову таҳқиқҳои илмии ӯ баррасӣ мешаванд. Ин донишманди ҳамадон асаре бо забони тоҷикӣ таълиф карда, онро “Донишнома” номгузорӣ менамояд.

Дигар аз нобиғаҳои илму дониш аз зумраи ниёгонамон Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхист, ки ӯ низ зиндагиро бе донишандӯзиву донишпажӯҳӣ тасаввур намекунад. Мавсуф дар “Васиятнома” – аш мегӯяд: “Шуморо сифориш мекунам ба кам гуфтану кам хӯрдану кам хуфтан... ва ҳамоно беҳтарини шумо касест, ки барои мардуми худ муфид бошад”. Яъне, ҳадаф дар зиндагӣ суд овардан аст, на суд ҷустан ва инсони бомаърифат барои муҳите, ки дар он иқомат мекунад, фоида меорад, аммо инсони бехабар ва ғофилу аз донишҳо маҳрум иқдом мекунад, ки зимни муносибат аз дигарон манфиат бинад.

Дигар аз бузургони илму фан шайхи Шероз Муслиҳиддин Саъдии нотакрор аст, ки дар “Гулистон” – и бехазон нодониро баробар ба марг муаррифӣ кардааст: “Нодонро беҳ аз хомушӣ чизе нест ва агар ин маслиҳат бидонистӣ, нодон набудӣ”.

Ҳамаи бузургони тоҷик дар қарнҳои мухталиф дониш ва донишандӯзиро васф намуда, нисбат ба афроди донишманд эҳтироми хосеро иқрор кардаанд. Дар замони муосир бо ибтикор ва тавсеаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин посдорӣ ва гиромидошти илму дониш дубора эҳё гардид. Алҳол, таърихи 1 сентябр расман Рӯзи Дониш эълон гардида, дар ин рӯз Пешвои миллат дар ҳузури омӯзгорон ва толибилмон суханронӣ мекунад. Озмунҳое мисли “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” бо пешниҳоди худи Президенти кишвар роҳандозӣ шуда, шавқу рағбати хонондагонро нисбат ба донишандӯзӣ бедор мекунад. Ҳадафи Пешвои миллат аз баргузории инчунин озмунҳо рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ аст, чунки ояндаи кишвар аз сатҳи ҷаҳонбиние вобаста мебошад, ки алҳол мо онро интишор менамоем.

Дар анҷом ин ҳарфҳоро зарур медонам тазаккур диҳам, ки ҳама гуна тараққӣ дар дилхоҳ кишваре аз гиромидошти илму донишандӯзӣ оғоз меёбад. Рӯзи дониш бо дарназардошти дарси сулҳ ҳумоюн бод, ҳамватанони гиромӣ!

Ширин ҚУРБОНОВА,

Муовини Раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ