Одобномаи корманди ҳизб

ОДОБНОМАИ КОРМАНДИ ҲИЗБӢ

Одобномаи корманди ҳизбӣ масъулияти кормандони сохторхои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро муқаррар намуда, дар асоси дастури Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 феврали соли 2018 ва қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2018, №1 ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва масъулияти узви ҳизб таҳия гардидааст.

Одобномаи мазкур маҷмӯи қоидаҳои рафтори кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро муайян карда, сифатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва масъулияти онҳоро дар муносибат ба татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб таҷассум намуда, ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқӣ, касбӣ ва сиёсӣ мебошад.

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  1. Муқаррароти одобномаи мазкур нисбати кормандони сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон татбиқ мегардад.
  2. Кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои фаъол ва роҳбарияти сохторҳои он уҳдадоранд ба Одобномаи корманди ҳизб шинос шуда, талаботи онро қатъиян риоя намоянд.

БОБИ II. ПРИНСИПҲОИ ОДОБИ КОРМАНДИ ҲИЗБӢ

  • Одобномаи корманди ҳизбӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад ва ҳар як нафар корманд ӯҳдадор аст дар фаъолияти корӣ ва сиёсии худ онҳоро ба роҳбари гирад:

қонуният – риояи аниқ ва бечунучарои меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байнамиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;

афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд – таъмини ҳифз ва муосидат ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки арзиши олӣ мебошанд;

садоқат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон – ҳисси муҳаббат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон, садоқат ба сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вазифаи муқаддас донистани ҳифзи Ватан, хизмати содиқона ба Ватан ва ҷомеаи Тоҷикистон;

инсондустӣ ва адолати иҷтимоӣ – эҳтиромона муносибат намудан ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, одилона аз рӯи виҷдон амал намудан ва таъмини риояи адолати иҷтимоӣ зимни қабули қарорҳо;

— шаффофият дар фаъолияти ҳизбӣ – фаъолияти шаффофи ҳизб ва пешниҳоди маълумот дар бораи он ба ҷомеа, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори ҳизбӣ, ба ҷуз фаъолият ва маълумоте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад;

таҳаммулпазирӣ – эҳтиром гузоштан ба фарҳангҳои мухталиф, рафтор, одат, ақида, дин, муносибати эҳтиромона доштан бо ҳамкорон, муроҷиаткунандагон, тобеон ва ҷомеа;

поквиҷдони ва беғаразӣ – татбиқи идоракунии самаранок, роҳ надодан ба бархӯрди манфиатҳо, амалҳои коррупсионӣ, аз рӯи таъинот ва ба нафъи умум истифода кардани воситаҳои моддию пулӣ, беғараз будан дар қабули қарорҳо;

— қатъият – муносибати ҷиддӣ ва масъулият зоҳир кардан дар татбиқи вазифаҳо ва уҳдадориҳои мансабҳои ҳизбӣ;

— касбият ва салоҳиятнокӣ – доштани донишҳои сиёсӣ, маҳорат, малака, сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, қобилияти идоракунӣ, маҳорати роҳбарӣ ва худтакмилдиҳӣ, ки асоси иҷрои муваффақонаи вазифаҳо ва уҳдадориҳои ҳизбӣ мегарданд;

— шаффофият дар интихоб ба мақомоти ҳизбӣ ва ё таъин дар мансаби ҳизбӣ – интихоб ба мақомоти дастаҷамъию машваратии ҳизбӣ ва ё таъин дар мансаби ҳизбӣ бе роҳ додан ба хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ ва пуштибонӣ ҳамчун зуҳуроти кирдорҳои коррупсионӣ.

4. Одобномаи корманди ҳизбӣ ба дигар принсипҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрҳои муқарраргардидаи рафтор низ асос меёбад.

БОБИ III. ҚОИДАҲОИ РАФТОРИ КОРМАНДИ ҲИЗБӢ

5. Корманди ҳизбӣ уҳдадор аст:

— меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро риоя намояд;

— ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, эҳтиром ва ҳифз намояд;

— таърихи халқ, урфу одат ва фарҳанги миллиро эҳтиром намояд;

— манфиати давлатро аз манфиати шахсӣ боло гузорад ва нисбат ба муроҷиати аъзои ҳизб ва дигар шаҳрвандон бодиққат ва бомасъулият муносибат кунад;

— талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро иҷро намояд ва рияои онро аз ҷониби аъзои оила ва фарзандон таъмин ва назорат намояд;

— ба муассисаи таълимӣ бо воситаи нақлиёти шахси нарафтани фарзандонро мунтазам таъкид ва назорат кунад;

— аз таъсири шаҳрвандони алоҳида, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мансабдорони давлатӣ вобаста набошад;

— ба ҳамаи ҳодисаву рӯйдодҳое, ки ҳаёти ҷамъиятиро халалдор мекунанд, бетарафӣ зоҳир накунад;

— ба омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз қабили роҳатталабиву худхоҳӣ, шуҳратпарастиву қудратфизоӣ ва ҳангомасозӣ, ки масъулияти шахсро дар ҷомеа ва давлат аз байн мебарад, роҳ надиҳад;

— одилона амал карда, ҳангоми қабули қарор ва амалӣ намудани ваколатҳои худ набояд дар асоси мансубияти миллӣ, нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ, эътиқодӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, молу мулк ва дигар асосҳо ба шахсе хилофи қонунгузорӣ бартарӣ ва имтиёз диҳад;

— ба урфу одатҳои миллатҳои сокини Тоҷикистон арҷ гузошта, хусусиятҳои фарҳангӣ ё дигар хусусиятҳои гурӯҳҳои этникӣ ва иҷтимоиро ба инобат гирифта, ба созиши байни миллатҳо муосидат намояд;

— дар фаъолияти касбии худ поквиҷдонона ва беғаразона амал намуда, ба шаъну шараф, обрӯю эътибори ҳизб иснод наорад;

— ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар сохтори ҳизбӣ ба хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ ва пуштибонӣ ҳамчун зуҳроти кирдорҳои коррупсионӣ роҳ надиҳад;

— ба фаъолияте, ки дар ваколати ӯ нест, дахолат накунад;

— зимни ишғоли мансаби роҳбарикунанда дар сохтори ҳизбӣ, ҷиҳати риояи одоб ва ташкили шароити мувофиқ барои кори тобеони худ мусоидат намояд;

— пешниҳоди шаҳрвандон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, аъзои ҳизб ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаро, ки ба талаботи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифанд, қабул накунад;

— ба кирдорҳои коррупсионӣ муқовимат намояд, ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи онҳо тадбирҳо андешад, ба гирифтан ва додани ҳар гунна туҳфаҳо барои иҷрои уҳдадориҳои мансабии худ, аз ҷумла ҳангоми дар сафари хизматӣ дар шакли моддӣ (пул, туҳфа) ва дар шакли ғайримоддӣ (хизматрасонӣ), ба истинои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, роҳ надиҳад;

— дастурамали «Либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ҷои кор ва берун аз он риоя намояд ва ба дигарон татбиқи онро таблиғ созад;

— аз омилҳои мусоидаткунанда ба коррупсия худдорӣ намояд ва ба кирдорҳои коррупсионӣ даст назанад;

— таҷҳизоти кории (интернет, почтаи электронӣ, телефон, факс, нусхабардор, воситаҳои нақлиёти хизматӣ, арзишҳои моддию ғайримоддӣ) ба ӯ вогузоршударо самаранок ва ба манфиати ҳизбӣ истифода кунад;

— интизоми кориро риоя намояд ва онро ба ташкилотҳои дигари ҳизбӣ талқин созад;

— ба паҳн намудани иттилооти хизматӣ, ки барои ба маълумоти умум расонидани он иҷозат намебошад, ё дорои сирри давлатӣ, ҳизбӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда ҳастанд, роҳ надиҳад;

— аз баёни фикри худ оид ба масъалаҳои сиёсати давлатӣ, ки ба доираи фаъолияти хизматиаш дохил намешавад, худдорӣ намояд;

— нисбат ба шахсони мансабдори давлатӣ дар доираи меъёрҳои қабулшудаи одобу ахлоқ муносибат намояд;

— дар муносибатҳои хизматӣ ва ғайрихизматӣ хоксору хушмуомила бошад;

— дар фаъолияти худ қоидаҳои умумии муоширатро риоя кунад ва маҳорати суханварии худро пайваста такмил диҳад;

— ба муроҷиаткунандагон таваҷҷӯҳ карда, ба арзи онҳо таҳаммулпазирона муносибат намояд ва ба онҳо тартиби баррасии муроҷиатҳо ва қонунгузории дахлдорро фаҳмонда, дар доираи салоҳият чораҷӯӣ намояд;

— бо шаҳрвандони хориҷӣ танҳо бо тартиби муқарраршуда мулоқоти корӣ ва гуфтушунид гузаронад, бояд ҳангоми муошират бо шаҳрвандони хориҷӣ обрӯйи ҳизб ва давлатро паст назанад ва масъалаҳои  ба салоҳияту ваколаташ дохилнабударо муҳокима накунанд.

6. Кормандони ҳизб, ки аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошанд, уҳдадоранд:

— ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва мавқеи ҳизб муосидат намоянд;

— дар маҷлисҳои кумитаи иҷроияи ҳизбӣ ва чорабиниҳои дигари ҳизбӣ фаъолона ширкат варзанд;

— ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ дар доираи салоҳияташон мусоидат намоянд;

— барномаҳои пешазинтихоботии худро ба ҳайси вакили аз ҳизб пешниҳодшуда пурра дар амал татбиқ намоянд;

— дастуру супоришҳоеро, ки аз ҷониби Раиси ҲХДТ дар маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб дода мешавад, бечунучаро иҷро намоянд;

— барои фаъолияти озоди сохторҳои ҳизбии ҳудуди вилоят, шаҳр ва ё ноҳия ҳамчун ҳизби дар интихобот ғолибомада шароит фароҳам оваранд;

— ба ҳама гуна монеасозӣ ва ё рафтори номуносиби худу зердастонашон дар сохторҳои ҳизбӣ роҳ надиҳанд;

— дар соҳаҳои зери назарашон қарордошта ба татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ, аз ҷумла соҳаҳои иҷтимоӣ ва ё иқтисодиёт, ки ҷузъе аз барномаи ҳизбӣ мебошанд, муосидат намоянд;

— ҳангоми ба кор қабул намудани шахсе, ки узви ҳизб мебошад, ҳатман аз сохторҳои ҳизбӣ хислатномаи ӯро талаб намоянд;

— дигар уҳдадориҳоро, ки аз қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳизбӣ дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб ва мақомоти болоии ҳизбӣ бармеоянд, ба иҷро расонанд.

БОБИ IV. ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ БА НАЗОРАТ ВА

РИОЯИ ОДОБНОМАИ КОРМАНДИ ҲИЗБӢ

7. Назорати риояи Одобномаи корманди ҳизбӣ дар кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ҳизбӣ аз тарафи Комиссия оид ба назорат ва риояи Одобномаи корманди ҳизбӣ (минбаъд – комиссия) амалӣ карда мешавад.

8. Комиссия бо фармоиши роҳбари ҳизб ва ё муовини якуми раис дар ҳайати раис, котиб, аъзои комиссия иборат аз 5 нафар аз ҳисоби кормандони  Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ таъсис дода мешавад ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Одобномаи мазкур фаъолият менамояд.

9. Номзадҳо ҷиҳати ворид (бозхонд) ба (аз) ҳайати комиссия дар ҷаласаи машваратии назди муовини якуми Раиси ҳизб пешниҳод карада мешаванд.

10. Узви комиссия дар ҷаласа бе ҳуқуқи ивазшавӣ иштирок мекунад.

11. Комиссия аз рӯи асосҳои зерин ҷаласа доир менамояд:

— дастури роҳбарияти ҳизб;

— муроҷиати хаттӣ ва ё шифоҳии сохторҳои болоии ҳизб;

— муроҷиати хаттӣ ва ё шифоҳи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

— дар мавриди аз тарафи комиссия ошкор намудани ҳолатҳои вайрон гардидани талаботи Одобномаи корманди ҳизбӣ;

— тибқи нақшаҳои кори комиссия.

12. Ҷаласаҳои комиссия дар 3 моҳ як маротиба ва ё бе маҳдудияти муҳлат аз рӯи зарурат гузаронида мешаванд.

13. Комиссия ҷаласаи худро дар муддати 10 рӯзи корӣ аз рӯзи ошкор шудани ҳолатҳои вайрон гардидани талаботи Одобномаи корманди ҳизбӣ мегузаронад.

14. Ҷаласаи комиссия ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар кори он аз се ду ҳиссаи ҳайати он иштирок дошта бошанд.

15. Комиссия аз ҳисоби аъзоёни вобаста ба масъалаи дар ҷаласаи комиссия баррасишаванда маърӯзачиро муайян менамояд.

16. Оид ба ҳолати вайрон гардидани қоидаҳои Одобномаи корманди ҳизбӣ, комиссия аз шахсони дахлдор баёнот мегирад.

17. Комиссия аз натиҷаи муҳокима дар доираи салоҳияти худ бо хулосаҳои зерин қарор қабул намуда, ба роҳбарияти ҳизб пешниҳод менамояд:

— дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани корманди ҳизбӣ;

— дар бораи фиристодани мавод ҷиҳати баррасӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва роҳбарияти олии ҳизбӣ;

— дар бораи қатъ намудани баррасӣ.

18. Дар кори комиссия шахси муҳокимашаванда ҳатман бояд иштирок дошта бошад.

19. Қарори комиссия дар ғоибии корманд бо овоздиҳии аксарияти иштироккунандагони ҷаласа қабул гардида, ҳангоми баробар будани овозҳо овози раиси комиссия ҳалкунанда ҳисоб меёбад.

20. Рафти ҷаласаи комиссия ва қарори он бо протокол ба расмият дароварда шуда, дар ҷараёни ҷаласа мумкин аст сабтҳои аудиоӣ ва видеоӣ истифода гарданд, ки онҳо низ ба протокол замима карда мешаванд.

21. Ба протокол раис ва котиби комиссия имзо мегузоранд.

22. Қарори комиссия ба роҳбарияти ҳизб пешниҳод карда шуда, барои татбиқи муҷозоти интизомӣ тибқи қонунгузорӣ ва санадҳои ҳизбӣ асос мегардад.

23. Роҳбарияти ҳизб дар мавриди ошкор намудани ҳолатҳои нопуррагӣ ё вайрон кардани талаботи Одобномаи корманди ҳизбӣ метавонад маводро ҷиҳати баррасии иловагӣ ё такрорӣ ба комиссия баргардонад.

24. Ба вазифаҳои комиссия дохил мешаванд:

— амалӣ намудани назорати иҷрои муқаррароти Одобномаи корманди ҳизбӣ;

— баррасии ҳолатҳои вайрон намудани муқаррароти Одобномаи мазкур аз тарафи кормандони ҳизбӣ;

— гузаронидани санҷиш ва санҷишҳои ногаҳонӣ дар кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ҳизбӣ;

— доир намудани ҷаласаҳои комиссия;

— гирифтани баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ аз кормандони ҳизбӣ оид ба масъалаи  баррасишаванда;

— бо тартиби муқарраргардида талаб намудани ҳуҷҷатҳо, мавод ва иттилоот аз кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои дахлдори ҳизбӣ;

— ҷалб намудани коршиносон (экспертҳо) ва мутахассисон барои пешниҳоди хулоса;

— баррасии шикоятҳои кормандони ҳизбӣ нисбат ба қарорҳои комиссия;

— машварат додан ба кормандони ҳизбӣ оид ба масъалаҳои одоб;

— гузаронидани чорабиниҳои омӯзишии Одобномаи мазкур;

— фаҳмондадиҳии муқаррароти Одобномаи мазкур.

25. Раиси комиссия ҳуқуқ ва уҳдадориҳои зерин дорад:

— фаъолияти комиссияро ташкил менамояд ва онро роҳбарӣ мекунад;

— рӯзномаи ҷаласаи комиссияро муайян мекунад;

— ҷаласаи комиссияро даъват менамояд ва ба он раисӣ мекунад;

— дар хусуси ворид намудан ба ҳайати комиссия ё бозхонди аъзои он ба роҳбарияти ҳизб пешниҳод манзур менамояд;

— ба ҳуҷҷатҳои комиссия ва протоколи ҷаласаи комиссия имзо мегузорад.

26. Котиби комиссия ҳуқуқ ва уҳдадориҳои зерин дорад:

— кори комиссияро дар мувофиқ бо раиси комиссия ташкил мекунад;

— коргузории комиссияро пеш мебарад;

— корманди ҳизбиро бо маводе, ки нисбаташ баррасӣ мегарданд, на дертар аз се рӯз то оғози ҷаласаи комиссия шинос менамояд;

— дар бораи ҷой ва вақти гузаронидани ҷаласаи комиссия аъзои комиссия ва шахсонеро, ки нисбат ба онҳо ва аз рӯи муроҷиати онҳо мавод баррасӣ карда мешавад, хабардор менамояд;

— протоколи ҷаласаи комиссияро тартиб медиҳад ва ба он имзо мегузорад;

— корманди ҳизбиро бо қарори комиссия дар давоми ду рӯзи корӣ ва қарори роҳбарияти ҳизб дар давоми се рӯзи корӣ шинос менамояд;

— чорабиниҳои омӯзишии Одобномаи мазкурро ташкил мекунад;

— фаҳмондадиҳии муқаррароти Одобномаи мазкурро ба роҳ мемонад;

— дигар уҳдадориҳоро, ки аз дастуру супоришҳои мақомоти олии ҳизбӣ ва раиси комиссия бармеоянд, амалӣ менамояд.

27. Мавод оид ба вайрон кардани қоидаҳои Одобномаи мазкур нисбат ба муовинони раиси ҳизб, аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва Раиси комиссия аз ҷониби Раиси ҳизб дар Маҷлиси Раёсат ва ё Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ баррасӣ карда мешаванд.

БОБИ V. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

28. Риояи қоидаҳои Одобномаи мазкур уҳдадории корманди ҳизбӣ буда, корманди ҳизб барои риоя накардани он масъулият дорад.

29. Риояи меъёрҳои Одобномаи корманди ҳизбӣ ҳангоми бо мукофот сарфароз гардонидан, дохил кардан ба захираи кадрҳо барои ишғоли мансаби баландтар, таҳияи тавсифнома ё тавсиянома ва ҳангоми ба ҷавобгарии интизомии ҳизбӣ кашидан ба инобат гирифта мешаванд.

30. Раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо уҳдадоранд, ки барои пешгирӣ намудан аз ҳолатҳои риоя нашудани қоидаҳои Одобномаи мазкур тадбирҳои зерин андешанд:

— дар асоси пешниҳоди комиссия бо тартиби муқарраркарда муҷозоти интизомии ҳизбии муқарраршударо татбиқ намоянд;

— кормандони ҳизбӣ ва фаъолони ҳизбии дар ҳудуди фаъолияташон қарордоштаро бо талаботи Одобномаи мазкур шинос намоянд;

— дигар чораҳоро ҷиҳати иҷрои бандҳои Одобномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда андешанд.

31. Ҳангоми дар кирдорҳои корманди ҳизбӣ мавҷуд будани кирдорҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маводи дахлдор бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан фиристода мешаванд.

32. Кормандони ҳизбӣ, ки ҷиноят содир намуда, нисбаташон ҳукми айбдоркунандаи суд баромадааст, ё кирдори бадномкунандае содир кардаанд, ки ба обрӯи ҳизб иснод меорад, аз узвияти ҳизб хориҷ карда мешаванд.