Роҳбарияти КИН

КАРИМЗОДА НИЛУФАР РАҲМОНАЛӢ- Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур

Каримзода Нилуфар 12-уми марти соли 1995 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.

Таҳсилоташ олӣ, соли 2017 факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси журналист хатм намудааст. Аз соли 2022 магистранти “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Соли 2015 ба ҳайси муҳаррири хурди Идораи барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, солҳои 2015-2016 муҳаррири хурди Идораи барномаҳои сиёсӣ, 2016-2018 муовини сармуҳаррири Идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳӣ, солҳои 2018-2019 сармуҳаррири Идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳӣ, 2019-2020 муовини сармуҳаррири Идораи барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, солҳои 2020-2021 муҳаррири варзидаи Идораи барномаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии Телевизиони Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2021-2022 мудири бахши кор бо занон ва духтарони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2022 муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Аз 9 августи соли 2022 то ҳол дар вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаъолият менамояд.

Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Оиладор, соҳиби 1 фарзанд.

НАБОТОВ ШУКРУЛЛО САФАРОВИЧ – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур

Наботов Шукрулло Сафарович 21-уми августи соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи хизматчии ҳарбӣ таваллуд шудааст.

Таҳсилоташ олӣ, соли 2015 факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси шарқшинос-филолог (филологияи араб) бо дипломи аъло хатм намудааст.

Соли 2013-2015 ба ҳайси пешхизмати тарабхонаи Лаунҷ бахши оид ба идораи меҳмонхонаи “Ҳаят реҷенси Душанбе”, солҳои 2015-2017 саркори таъмини хӯрок дар ҳуҷраҳои меҳмонхонаи “Ҳаят реҷенси Душанбе”, солҳои 2017-2018 мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, соли 2018 мутахассиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, солҳои 2018-2021 мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, солҳои 2021-2022 мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Аз 11 октябри соли 2022 то ҳол дар вазифаи муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаъолият менамояд.

Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.