Шарипов Ҷамолиддин – н.и.т., муовини
раиси КИИ “Дониш”-и ДМТ
Раҳмонзода Муҳаммад – н.и.ҳ., мудири
кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мубориза
бо коррупсияи ДМТ
“Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат омад ва дар муддати начандон тулонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар пешрафти кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври шоиста муаррифӣ намояд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Бузургтарин давстоварди миллати кӯҳанбунёд ва тамаддунфовари тоҷик дар қарни ХХ-ум ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад. Истиқлоли давлатӣ, ки ормони ҳазорсолаи тоҷикон буд, дар умум калиди асосии амалӣ гардидани ҳадафҳои муҳими миллӣ гардид. Дар заминаи истиқлолият ба миллати тоҷик муяссар гардид, ки бо истифода аз таҷрибаи ғании ниёгони хеш ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташкили шаклу низоми мутамаддини давлатдорӣ даст ёфта, дар ин роҳ ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардад.
Бо мақсади бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар як қатор ниҳодҳои нав ташкил ва ба вуҷуд оварда шуд. Яке аз ниҳодҳои ҷомеи демократӣ ташаккули сохтори бисёрҳизбӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад, ки ин равандро кабули Қонуни асосӣ боз ҳам тезонид. Маҳз чунин сохтор сарчашмаи ҳокимият будани халқро аз ҳама ҷиҳат таъмин месозад. То кадом андоза амалӣ гардидани ормонҳои миллӣ ва бунёди чунин ҷомеа аз фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ вобастагӣ дорад. Таҷрибаи аксар кишварҳои мутамаддин бори дигар собит месозад, ки яке аз механизмҳои асосии рушди давлат ва зиндагии шоистаи шаҳравандони он аз фаъолияти самараноки ҳизбҳои сиёсии мавқеи махсусдошта миёни мардум бастагӣ дорад.
Дар баробари дигар азҳоби сиёсӣ, 10-уми декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт. Меъмори ҳизби мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барномаи он фарогир аз манфиатҳои миллӣ аст. Аз давраи роҳи бисёрҳизбиро пеш гирифтани Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби Халқии Деморкартии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Барнома ва Оинноимаи мушаххас ва фарогир аз манфиатҳои миллию давлатӣ ба таври самаранок созмон дода шуд. То имрӯз фаъолияти ҲХДТ собит месозад, ки мақоми он дар роҳи амалӣ гардидани сиёсати давлатӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ хеле назаррас ва барҷаста аст. Воқеан, дар сохтори бисёрҳизбӣ ҳамон ҳизбе ҷойгоҳи муносиб ва усуворро соҳиб мегардад, ки бо барномаи хеш бартарӣ дошта бошд. Ин бартарии барнома пеш аз ҳама аз сатҳи инъикоси манфиатҳои ҷомеа ва усули амалӣ гардидани онҳо вобастагии зиёд дорад. Рақобати солими азҳоби сиёсӣ ҷиҳати ба даст овардани ҳокимият боиси боз ҳам рушд кардани барномаи эшон мегардад. Дар ин раванд бештар ҳамон ҳизбе муваффақ мегардад, ки принсипи истифодаи самраноки таҷрибаро дар фаъолияти худ ихтиёр менамояд.
Таҳлили фаъолияти азҳоби сиёсӣ дар кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон аз рӯзи ташкилшавӣ то имрӯз ба номи худ содиқ буда, ҳамеша бо халқ аст. Имрӯз фаъолияти ҲХДТ дар асоси Барномаи мушаххаси худ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти азҳоби сиёсӣ дар кишвар ва Дастуру супоришҳои сарвари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст. Бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳизби адолатпарвар, бунёдкор ва баҳаморанда табдил ёфта, шумораи аъзоёни он аз ҳисоби нафарони донишманду ватандӯст ва бомасъулият зиёд гардида истодааст.
Бояд қайд кард, ки ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва нигаҳдошту таҳкими Истиқлолияти давлатӣ асоси фаъолияти ҲХДТ-ро ташкил медиҳад. Имрӯз дар зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ячейкаҳои ҳизбӣ – ташкилоту кумитаҳои ибтидоӣ, кумитаҳои иҷроияи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ ба таври самаранок роҳандозӣ шудааст. Шиори барномаи ҳизбро «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ташкил медиҳад, ки барҳақ амалан тасдиқи худро ёфта истодааст.
Яке аз пояҳои таҳкими Истиқлоли давлатӣ ваҳдати миллӣ аст, ки дар маркази Барномаи ҲХДТ қарор дорад. Барномаи ҲХДТ сарчашма ва асоси тамоми муваффақиятҳоро аз ваҳдати миллӣ дониста, ҷомеаро ба ягонагӣ, сулҳу субот ва якдилӣ баҳри рушди устувори кишвар даъват менамояд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ин ҳадафи барномавӣ Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳия ва ташкилоту кумитаҳои ибтидоӣ дар байни қишрҳои мухталифи минтақаҳои кишвар ҳамеша соатҳои сиёсӣ дар мавзӯҳои мубрами рӯз баргузор намуда, мардумро ба ягонагӣ ва меҳнати софдилона баҳри рушду инкишофи давлат даъват менамоянд. Фаъолияти самараноки кормандони ҳизб мебошад, ки рӯз то рӯз шумораи ячейкаҳои ҳизбӣ дар заминаи муассисаву корхонаҳо дар афзоиш аст. Ҳамчунин бо мақсади боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар биноҳои хуштарҳу замонавӣ барои Кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ сохта ба истифода дода шудаистодааст. Имрӯз бо мақсади таблиғу ташвиқи барномаи ҳизб, ки саршор аз ғояҳои ватандӯстиву меҳансолорӣ аст, дар назди кумитаҳои иҷроия шӯбаҳои иттилоолт ва таблиғот фаъолият доранд. Дар ҳамбастагӣ ба шӯъбаи иттилоот ва тарғиботи Кумитаи Марказии ҲХДТ дар шаҳру навоҳии мухталифи кишвар нишасту соатҳои сиёсӣ баргузор карда мешавад, ки дар баланд гардидани сатҳи шуури сиёсӣ ва хештаншиносии қишрҳои мухталифи аҳолӣ мусоидат менамояд.
Дар давоми тақвияти гуфтаҳои боло, метавон фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мисол овард, ки дар доираи Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар амалӣ гардидани ҳадафҳои барномавии ҳизб саҳми муносиби худро гузоштаистодааст. Бояд қайд кард, ки ҳайати қариб дуҳазорнафараи аъзои КИИ “Дониш”, ки аксаран олимону донишмандон мебошанд дар тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва амалӣ гардидани Барномаи он мақоми назаррас доранд.
Дигар аз ҳадафҳои муҳими ҲХДТ, ки таҳкими Истиқлоли далватӣ аз он вобастагии зиёд дорад, нигаҳдошти сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ аст. Имрӯз аъзои фаъоли ҲХДТ дар доираи нақша чорабиниҳои кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ ҳамеша доир ба аҳамияти сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар бо мардум вохӯриҳои судманд гузаронида, дар таҳкими суботи сиёсӣ нақши хешро гузоштаистодаанд. Албатта пешрафти ҷомеа аз суботи сиёсӣ вобастагии зиёд дорад. Таҷрибаи кишварҳои ба моҷароҳои сиёсӣ гирифтор шуда бори дигар моро ҳушдор месозад, ки ҷиҳати ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои миллӣ боз ҳам талош намоему, дар баланд гардидани сатҳи ҳуввияти миллӣ ва худшиносии насли наврасу ҷавони кишвар саҳмгузор бошем. Вазъи минтақа ва ҷаҳон, ки пур аз таззоду бархӯрди манфиатҳои стратегӣ ва геосиёсӣ аст, бори дигар аз муҳимияти суботу оромӣ ва гиромидошти Истиқлолият хабар медиҳад.
Созандагиву ободонӣ ва рушди устувори иқтисодӣ дар кишвар ҳадафи муҳими ҲХДТ маҳсуб ёфта, дар ин самт фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ ба таври назаррас роҳандозӣ гардидааст. Имрӯзҳо бо мақсади амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар, ки омили устувории Истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад, аз ҷониби Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ташаббусҳои бисёр саривақтӣ амалӣ шудаистодааст. Озодиҳои иқтисодӣ, аз қабили имкони мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликият ва рақобати озоди онҳо, рушди иқтисоди бозорӣ ва соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории хурду миёна ва дигар тадбирҳое, ки дахолати давлатро ба ҳаёти рӯзмарраи шаҳрвандон, ба фаъолияти иқтисодии онҳо хеле коҳиш дода, заминаро барои рушди босубот фароҳам меоваранд. Мақсади ниҳоии мо бунёди ҷомеаи шаҳрвандиест, ки дар асоси худидоракунӣ ва иқдомҳои инфиродии шаҳрвандон пеш хоҳад рафт.
Ин ҳама ҳадафу мақсадҳои мушаххас, ки дар умқи ҷомеаи Тоҷикистон реша гирифта, мароми дили аксари мардуми кишварро ифода мекунанд, дар барномаи ҳизб ҷой гирифта, миёни аксари шаҳрвандон ҷонибдории дилгармона пайдо намуданд. Ҳадафҳое, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пеши худ қарор дода барои амалӣ гардонидани онҳо талош мекунад, бо дар назар доштани манфиатҳои тамоми ҷомеаи кишвар, ҳамаи қишрҳои гуногунранги мардум ба миён омадаанд. Онҳо нуқтаи эътидол ва ҳамдигарфаҳмианд, ки ваҳдату ягонагиро дар ҷомеа таъмин гардонда, кишварро ба сӯйи пешрафт ва рифоҳу хушбахтӣ равона месозанд.