НАЗАРЕ БА ОИНИ ПАРЧАМДОРИИ ТОҶИКОН

          Тоҷикон дорои суннатҳои волои давлатдорӣ, арзишҳои милливу умумибашарӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ нақши калидӣ доранд. Бо бузургии фарҳангу тамаддун, низоми хосси давлатдориву сиёсатгузорӣ ва паҳлавониву қаҳрамонӣ дар таърихномаҳои аҳди қадиму вусто ва давраи навини халқҳои ҷаҳон ҷойгоҳи махсусро соҳибанд. Рамзҳои хосси давлатдории тоҷикон дар ҳамосаҳову навиштаҳои таърихнигорон то замони мо расидаанд. Оини парчамдории тоҷикон аз умқи таърихи чандинҳазорсола сарчашма мегирад. Аҷдоди шарафмандамон ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии давлатдориву парчамдориро тай намудаанд, ки таҷлили он мояи ифтихор аст. Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили рӯзи парчам «… эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то замони мо расонидаанд. Яъне эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузашта» мебошад.

Дар ҳамосаҳо ва таърихномаҳои қадими тоҷикон парчамро бо вожаҳои алам, роят, ливо ва дирафш зикр кардаанд, ки бешубҳа маънои дурахшидану машҳур шуданро доранд. Қадимтарин маъхаз – «Авесто» аз корбурди дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо ба монанди «Балхи зебо бо дирафшҳои барафрошта», «дирафши говпайкар», «дирафшҳои душманони ориёиҳо» ва ғ. хабар додааст. Вале, мутаасифона, таҳлилгарони илми парчамшиносии (вексюкологҳо) Аврупо пайдоиши парчами аз матоъ омодашударо ба сарлашкари юнонӣ Фемистокл (480 п. аз м.) нисбат медиҳанд. Онҳо маълумоти «Авесто», ки «Фурӯҳарҳои Соми Гаршосбро меситоям, ки барои душманон бозувони қавӣ дорад ва бо санги фароху бо дирафшҳои паҳн, бо дирафшҳои кушудаву сарфароз барои муқовимат дар баробари роҳзанони вайронкунанда ва ҳавлнок мебошад» сарфи назар кардаанд.

Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ вожаи «дирафш» беш аз 700 маротиба васф гардида, ҷое ливо дар шакли чарминаи муқаррарӣ (Дирафши Ковиёнӣ) ва ҷои дигаре дар шакли чармина, ки дар он сурати говазн акс ёфтааст (Дирафши Сиёвуш), зикр мешавад. Яке аз куҳантарин рамзҳои давлатдории тоҷикон «Дирафши Ковиёнӣ» аст. Он рамзи давлатии подшоҳони каёнӣ, ҳахоманишӣ, ашконӣ ва сосонӣ мебошад. Зуҳури онро ба давраи Фаридун нисбат медиҳанд. Таърихан собит гардидааст, ки он аз охири аҳди Ҳахоманишиён то давраи истилои араб (набарди Қодисия: 636) вуҷуд дошт. «Дирафши Ковиёнӣ» дар ҳамосаҳои қадимӣ ҳамчун «Дирафши Коваи Оҳангар» муаррифӣ шуда, дар таҳқиқоти илмӣ бо номи дирафши Ковиён, Кобиён ё Каёниён низ ёд мешавад. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ, пас аз он ки Коваи Оҳангар пешбанди чармини худро дирафш сохта, мардумро таҳти он ба муқобили Заҳҳок бархезонд ва пирӯз шуд, он дирафш ҳамчун рамзи пирӯзӣ бар ҳокимони аҷнабӣ миёни қавмҳои ориёӣ муқаддас гардид. Пас аз ин пирӯзӣ мардум Фаридунро бар тахт оварданд ва ин дирафшро ҳамчун рамзи хосси шоҳӣ ба ӯ бахшиданд, ки баъдан ҳар шоҳе ба тахт менишаст, дирафши мазкур ба ихтиёри ӯ дода мешуд. Ба навиштаи Ибни Асир мардум ба даст овардани пирӯзиҳоро дар мушкилоти давлатдории худ «аз баракати он дирафш донистанд ва онро ба фоли нек гирифтанд ва гиромӣ шумурданд ва дар бузургдошти он кӯшиданд, то ҷое ин дирафш дар назди подшоҳони тоҷикон (эрониён) бузургтарин дирафше шуд, ки аз он хайру баракат меҷустанд ва онро «Дирафши Ковиён» меномиданд. Тибқи маълумоти Табарӣ, ҳар подшоҳе, ки бар тахти давлати тоҷикон нишаст, аз худ гавҳару ёқуте бар он меафзуд, то пӯст дар миёни он гавҳарҳо нопадид шуд ва онро «Дирафши Ковиён» ном карданд. Дар бораи чигунагии шаклу таркиби ин дирафш то ба имрӯз дар байни донишмандон андешаҳои гуногун вуҷуд доранд: баъзе бар онанд, ки чармпорае будааст аз пӯсти шер, паланг ё хирс, ки онро қаблан Кова ҳамчун пешбанд истифода мекардааст ва баъд аз он ки ба «дараҷа»-и дирафшӣ расид, онро суфтаву зеботар, ба алам монанд карданд. Ба қавли соҳиби «Бурҳони қотеъ», «ҳакиме будааст дар улуми тилисмот бағоят моҳир, ки шакли сад дар саде бар он нақш карда буд. Ва

баъзе гӯянд шакле аз сӯхтагиҳои оташ дар он чарм ба ҳам расида буд, ки ин хосият дошт, яъне дар ҳар ҷанг, ки он ҳамроҳ буд, албатта фатҳ мешуд».

Дар мавриди андозаи дирафш низ ақидаи ягона вуҷуд надорад. Аксарият онро пешбанде аз пӯсти як ҳайвон тавсиф кардаанд. Ба қавли Табарӣ, ин дирафш аз пӯсти паланг буд ва ба андозаи ҳашт ба дувоздаҳ зироъ (тақр. 4х6 м). Аммо маълум нест, ки Табарӣ дирафши кадом давраи таърихиро дар назар дорад ‒ аҳди Ҳахоманишиён ё Сосониёнроқ Дар ҳар сурат онро баъдан аз якчанд пӯсти ороишдодашудаи паланг устокорона нусхабардорӣ карда, бузургтару пурҳайбаттар сохтаанд. Мувофиқи маълумоти Деҳхудо ва Муъин, дирафши мазкур як қитъаи чармпораи чоргӯша буд, ки бар болои як найза насб шуда ва нӯки найза аз болои он намоён мегардид. Ороиши ҳариру гавҳари рӯи чарм ба шакли як ситора монандӣ дошт, ки аз чаҳор порра иборат буд ва дар маркази он доираи кӯчак ва ҳамчунин дар болои он низ доираи кӯчак. Аз тарафи таҳтонии чарм чаҳор реша ба рангҳои мухталифи сурх, зарду бунафш овехта шуда, нӯки онҳо ба ҷавоҳирот оро ёфта буданд. Ду намунаи акси «Дирафши Ковиёнӣ» то ба имрӯз боқӣ мондааст. Намунаи аввалӣ тасвири рангаи рӯи тахтасанг аст, ки соли 1831 дар натиҷаи ҳафриёти харобаҳои шаҳри қадимаи Помпей пайдо гардида, дар он набарди байни Искандари Мақдунӣ ва Дорои III (323 то м.) ҳаккокӣ шудааст. Дар ин акс Дорои III дар миёни лашкариёнаш гардунасавор ва дар ақиби ӯ сипоҳи савора дар дасташ дирафш наққошӣ гардидааст. Мутаассифона, қисми хотамкории дирафш хароб шуда, санги он ҳувайдо нест. Бо вуҷуди ин қисмати болоии худи дирафш ва нӯки найзае, ки дирафш бад-он васл аст ва ҳамчунин қисмате аз решаҳое, ки барои зинати дирафш овехта буданд, ба хубӣ намоёнанд.

Намунаи дигар дар сиккаҳои мавҷудаи давраи парокандагии давлати Ҳахоманишиён то замони Ашкониён мушоҳада мешавад, ки айнан ба хотамкории Помпей монанданд ва илова бар ин, ҷойҳои харобшудаи тасвири Помпей дар ин сиккаҳо барҷаста намудоранд. Донишмандон дар заминаи монандии се маъхаз, яъне хотамкории Помпей, сиккаҳои ҷонишинони Искандар дар сарзамини тоҷикон ва васфи «Дирафши Ковиёнӣ» дар

«Шоҳнома» имрӯз тақрибан шакли дурусти онро барқарор кардаанд. «Дирафши Ковиёнӣ» пас аз набарди Қодисия ба дасти арабҳо афтод ва онро ҳамчун ғанимат ба назди халифа Умар ибни Хаттоб фиристоданд. Баъди гирифтани ҷавоҳироти қимати он, ҳамчун рамзи озодию соҳибихтиёрии давлатҳои мардуми тоҷик сӯзонида шуд. Аммо пас аз ба қудрат расидани хонадонҳои маҳаллӣ –Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён оини парчамдории тоҷикон ҳифз ва густариш дода шуд. Ба навиштаи Байҳақӣ, «дар давраи Аббосиён парчами сиёҳи Абумуслим хеле маъруф буда, то поёни ҳукумати ин сулола бар ин ранг боқӣ монд». Рамзҳои давлатӣ ва низоми хосси давлатдорӣ барои ақвоми турку муғултабори дар минтақа ба қудрат расида намуна гардида буд. Дар замони ҳукуматҳои туркию муғулӣ фарзандони шуҷоъу шарафманди тоҷик бо таъсиси давлатҳои миллӣ дар манотиқи гуногуни Мовароуннаҳру Хуросон арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлативу намунаи давлатдориро нигоҳ дошта тавонистанд.

Бояд гуфт, ки дигаргуниҳои куллии чаҳоряки аввали асри 20 халқҳои Осиёи Марказиро бо фоҷиаҳои нангину сангин соҳиби давлатҳои милливу рамзҳои ягонаи давлатдорӣ кард. Маҳз бо ташкили ИҶШС ва тақозои сиёсати замон парчами Тоҷикистон муайян ва бо қарори Президиуми кумитаи марказии иҷроия аз 23 феврали 1924 қабул карда шуд, ки аз матои сурх иборат буда, дар кунҷи он нишони давлатӣ бо навиштаҷоти «Пролетариатҳои ҳамаи давлатҳо як шавед» акс ёфта буд.

Дар давоми мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ бо назардошти дигаргуниҳои дар мамлакат ба амаломада (узви ИҶШС гардидани ҶШС Тоҷикистон, қабули Конститутсия, иваз кардани хат ба алифбои лотинӣ ва кирилӣ) парчами Тоҷикистон чанд маротиба тағйир дода шуд. Махсусан аз соли 1929 то 1953 парчами Тоҷикистон ҳафт маротиба тағйир кардааст.

Пас аз суқути ИҶШС ва соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон (09. 09. 1991) зарурияти тағйири парчам бо риояи суннатҳои миллии давлатдориву тамаддунофарӣ ба амал омад. Барои муайян кардани парчами ҷумҳурии соҳибистиқлол озмун эълон карда шуд. Дар он зиёда аз 200 лоиҳа пешниҳод гардида буд, ки ҳар яки он аз ҷониби комиссияи махсус бо роҳбарии

академик Муҳамммад Осимӣ баррасӣ гардиданд. Комиссия лоиҳаи парчам ва нишони давлатӣ, ки аз ҷониби З. Ҳабибуллоев, А. Заневский, Л. Додхудоева, Н. Игнатушина ва М. Сайдалиев пешниҳод шуда буд, интихоб намуд. Бо сабабҳои маълум раванди таҳия ва тасдиқи рамзҳои давлатӣ ба таъхир афтод. Аммо баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳфаи давлатдории навин тағйиротҳои куллиро ба бор овард. Дар Иҷлосияи таърихӣ 24 ноябри 1992 «Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Ба андешаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Парчами миллии мо тибқи расму ойини парчамдорӣ бо рангу рамзҳо ва шаклу услуби миллии худ инъикоскунандаи таърихи деринаи халқи тамаддунсозамон мебошад».

Дар ҳақиқат, парчами давлатӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар мазмун ва мундариҷаи таърихии худро нигоҳ дошта, ҳамчун баёнгари орзуву ормони аҷдоди парчамсозу парчамдори мо парафшон аст. Ба хотири мақому манзалати Парчами миллӣ ба муносибати 20-солагии Истиқлоли давлатӣ (сентябри 2011) дар баробари дигар дастовардҳо дар маркази кишвар Манораи бузурги Парчами миллӣ (165 м) бунёд карда шуд, ки он дар китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид. Бо арзи эҳтиром ва нишони садоқат ба Парчами миллии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон дошт (20 ноябри 2019), ки ҳамасола ин рӯз таҷлил мегардад. Месазад, ки ҳар яки мо Рӯзи Парчами давлатиро рамзи давлатдории тоҷикон, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси миллат таҷлил намоем. Бигузор Парчами давлатӣ дар фазои осоиштаи кишварамон то абад парафшон бошад.

Ҷашни Рӯзи парчам муборак!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *